https://sputnik.tj/20261016/loihai-tojikiston-barandai-joizaiavruosiyo-1081259716.html
Лоиҳаи Тоҷикистон барандаи ҷоизаи "АвруОсиё" шуд
Лоиҳаи Тоҷикистон барандаи ҷоизаи "АвруОсиё" шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар маркази Миллии Русия маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони ҷоизаи Байналмилалии "АвруОсиё" баргузор шуд
2026-10-16T12:22+0500
2026-10-16T12:22+0500
2026-10-16T12:45+0500
авруосиё
лоиҳа
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
русия
ҷоиза
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/10/1081258330_0:72:3001:1760_1920x0_80_0_0_84b6cc2e83099478cfa43c185fa439e5.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон Назрихуҷа Сайдалиев дар номинатсияи "Пули дӯстӣ" барандаи ҷоизаи "АвруОсиё" гардид.Ӯ Тоҷикистонро дар лоиҳаи "Технологияи АвруОсиё" намояндагӣ кардааст. Ин олимпиадаи байналмилалии дастаӣ барои хонандагони мактаб оид ба технология ва таълими меҳнат мебошад, ки аз соли 2022 инҷониб ҳамасола дар Душанбе баргузор мешавад.Барнома ба муайян кардани майлҳои гуногун дар кӯдакон, аз ҷумла самти эҷодӣ, муҳандисӣ ва амалӣ нигаронида шудааст.Илова бар ин, лоиҳа ба хонандагони синфҳои 5-10 кӯмак мекунад, ки касби ояндаро интихоб кунанд ва ҳама хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок намоянд.Чунин ташаббус имкон медиҳад, ки мутахассисон аз соҳаҳои гуногун, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, робототехника ва илмҳои табиӣ ҷалб карда шаванд, гуфт ӯ. Директори маркази кӯдакону наврасони Душанбе илова намуд, ки дар муваффақияти ин лоиҳа забони русӣ нақши бузург мебозад, ки ҳамчун қувваи тавоное, ки намояндагони тамоми ҷаҳонро муттаҳид мекунад, амал мекунад.Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи Байналмилалии "АвруОсиё" аз ҷониби АНО "Евразия" ва Россотрудничество таъсис дода шуда, имсол бори дуюм тақдим карда мешавад.Ғолибон дар 10 номинатсия барои саҳмгузорӣ дар маъмулгардонии забони русӣ, ҳифзи арзишҳои анъанавӣ, рушди фарҳанг, маориф муайян карда мешаванд.Ин ҷоиза шахсиятҳо ва созмонҳои барҷастаеро қайд мекунад, ки ба рушди иҷтимоӣ ва байнифарҳангии кишварҳои қитъаи АруОсиё мусоидат мекунанд, арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқиро тақвият медиҳанд ва дар рафъи монеаҳои иттилоотӣ байни давлатҳои фазои АвруОсиё кӯмак мерасонанд.
https://sputnik.tj/20251029/marosim-joiza-avruosiyo-pakhshi-mustaqim-video-1072511093.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/10/1081258330_0:230:2223:1897_1920x0_80_0_0_95655a828979861398fd508e1b3533b0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
авруосиё, лоиҳа, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, русия, ҷоиза, фарҳанг
авруосиё, лоиҳа, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, русия, ҷоиза, фарҳанг
Лоиҳаи Тоҷикистон барандаи ҷоизаи "АвруОсиё" шуд
12:22 16.10.2026 (Навсозишуда: 12:45 16.10.2026) Дар маркази миллии Русия маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони ҷоизаи Байналмилалии "АвруОсиё" баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Намояндаи Тоҷикистон Назрихуҷа Сайдалиев дар номинатсияи "Пули дӯстӣ" барандаи ҷоизаи "АвруОсиё" гардид.
Ӯ Тоҷикистонро дар лоиҳаи "Технологияи АвруОсиё" намояндагӣ кардааст. Ин олимпиадаи байналмилалии дастаӣ барои хонандагони мактаб оид ба технология ва таълими меҳнат мебошад, ки аз соли 2022 инҷониб ҳамасола дар Душанбе баргузор мешавад.
Барнома ба муайян кардани майлҳои гуногун дар кӯдакон, аз ҷумла самти эҷодӣ, муҳандисӣ ва амалӣ нигаронида шудааст.
Илова бар ин, лоиҳа ба хонандагони синфҳои 5-10 кӯмак мекунад, ки касби ояндаро интихоб кунанд ва ҳама хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок намоянд.
"Мақсади мо ин аст, ки ба арсаи байналмилалӣ ворид шавем, то кӯдакони АвруОсиё тавонанд, ки ниятҳои худро амалӣ кунанд. Ин олимпиадаи дастаии устодони ҷавон ва ихтироъкорон барои мактаббачагон аст. Бачаҳо дар соҳаи AI, муҳандисӣ ва дигар самтҳо, лоиҳаҳо месозанд", - гуфт Сайдалиев дар сӯҳбат бо Sputnik.
Чунин ташаббус имкон медиҳад, ки мутахассисон аз соҳаҳои гуногун, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, робототехника ва илмҳои табиӣ ҷалб карда шаванд, гуфт ӯ. Директори маркази кӯдакону наврасони Душанбе илова намуд, ки дар муваффақияти ин лоиҳа забони русӣ нақши бузург мебозад, ки ҳамчун қувваи тавоное, ки намояндагони тамоми ҷаҳонро муттаҳид мекунад, амал мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи Байналмилалии "АвруОсиё" аз ҷониби АНО "Евразия" ва Россотрудничество таъсис дода шуда, имсол бори дуюм тақдим карда мешавад.
Ғолибон дар 10 номинатсия барои саҳмгузорӣ дар маъмулгардонии забони русӣ, ҳифзи арзишҳои анъанавӣ, рушди фарҳанг, маориф муайян карда мешаванд.
Ин ҷоиза шахсиятҳо ва созмонҳои барҷастаеро қайд мекунад, ки ба рушди иҷтимоӣ ва байнифарҳангии кишварҳои қитъаи АруОсиё мусоидат мекунанд, арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқиро тақвият медиҳанд ва дар рафъи монеаҳои иттилоотӣ байни давлатҳои фазои АвруОсиё кӯмак мерасонанд.