https://sputnik.tj/20261016/dushanbe-himoyat-subot-bozsozii-afghoniston-idoma-1081267481.html
Мақомдори тоҷик: Душанбе ба ҳимоят аз субот ва бозсозии Афғонистон идома медиҳад
Мақомдори тоҷик: Душанбе ба ҳимоят аз субот ва бозсозии Афғонистон идома медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон барон аст, ки кишвари Афғонистон ҳамчунон яке аз авомили аслии амният барои Осиё марказӣ аст
2026-10-16T17:49+0500
2026-10-16T17:49+0500
2026-10-16T17:49+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
ҳамкорӣ
равобит
сиёсат
субот
бозсозӣ
кӯмак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/10/1081268722_51:0:2279:1253_1920x0_80_0_0_8f473a0296930bbfabe59589f9cbf859.png
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Раиси мутолиоти стротежики Вазорати хориҷаи Тоҷикистон Мирзошариф Ҷалолов мегуяд, кишвар аз талошҳои созандаи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои бозсозии иқтисодии Афғонистон ҳимоят мекунад ва ба кумак ба мардуми ин кишвар идома медиҳад.Оқои Ҷалолов гуфт, ки Тоҷикистон ҳамвора аз барқарорӣ ва тақвияти субот ва тавсеа дар Афғонистон ҳимоят кардааст, зеро ду кишвари пайвандҳои забонӣ, торихӣ ва фарҳангӣ доранд.Ба гуфта мақомдори тоҷик, Тоҷикистон ба Афғонистони барқ содир мекунад, бозорҳои марзӣ миёни ду кишвар фаъол ҳастанд ва ба бошандагони манотиқи марзии Афғонистони кумакҳои оҷили сиҳӣ ироа мешавад.Оқои Ҷалолов дар нишаст муштараки СПАД, ИДМ ва СҲШ, гуфт ки Тоҷикистон аз роҳи иҷрои пружаҳои бузурги зербиноӣ ва энержӣ низ барои суботи Афғонистон талош мекунад ва пружаи КАСА – 1000-ро дар ин замина барҷаста донист.Вай гуфт, бо афзоиши таҳдидҳои фаромарзӣ, тақвияти ҳамоҳангӣ миёни кишварҳои минтақа аҳамияти бештаре пайдо кардааст.Ин мақоми вазорати хориҷаи Тоҷикистон бар ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои марбути кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи, Иттиҳодия Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Созмони Ҳамкории Шанхай барои табодул ба мавқеи иттилоот ва вокуниши ҳамоҳанг ба таҳдидҳо таъкид кард.Оқои Ҷалолов ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ “раванди Душанбе” барои мубориза бо тероризму таъмини молии онро дунбол мекунад.Ба гуфта вай, ин раванд ба бистаре барои ҳамкории минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, гуфтугӯ табодули таҷриба дар мубориза бо тероризми табдил шудааст.Ӯ афзуд Тоҷикистон қасд дорад дар сол 2027 нишасти баъдии сатҳи баланди мубориза бо тероризмро дар Душанбе баргузор кунад.Вай илова кард, ки ҳали даргириҳои минтақавӣ ниёзманди рӯйкардии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона аст ва ҳамоҳангӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бояд пояи ин рӯйкард бошад.
https://sputnik.tj/20261016/lavrov-rusiya-kumakho-tojikiston-tahkimi-marz-afghoniston-1081261774.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/10/1081268722_378:0:2049:1253_1920x0_80_0_0_15bf9f405516ce8ceca411b1b9769b04.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, афғонистон, ҳамкорӣ, равобит, сиёсат , субот, бозсозӣ, кӯмак
дар тоҷикистон, афғонистон, ҳамкорӣ, равобит, сиёсат , субот, бозсозӣ, кӯмак
Мақомдори тоҷик: Душанбе ба ҳимоят аз субот ва бозсозии Афғонистон идома медиҳад
Мақомоти Тоҷикистон барон аст, ки кишвари Афғонистон ҳамчунон яке аз авомили аслии амният барои Осиё марказӣ аст
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Раиси мутолиоти стротежики Вазорати хориҷаи Тоҷикистон Мирзошариф Ҷалолов мегуяд, кишвар аз талошҳои созандаи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои бозсозии иқтисодии Афғонистон ҳимоят мекунад ва ба кумак ба мардуми ин кишвар идома медиҳад.
Оқои Ҷалолов гуфт, ки Тоҷикистон ҳамвора аз барқарорӣ ва тақвияти субот ва тавсеа дар Афғонистон ҳимоят кардааст, зеро ду кишвари пайвандҳои забонӣ, торихӣ ва фарҳангӣ доранд.
Ба гуфта мақомдори тоҷик, Тоҷикистон ба Афғонистони барқ содир мекунад, бозорҳои марзӣ миёни ду кишвар фаъол ҳастанд ва ба бошандагони манотиқи марзии Афғонистони кумакҳои оҷили сиҳӣ ироа мешавад.
Оқои Ҷалолов дар нишаст муштараки СПАД, ИДМ ва СҲШ, гуфт ки Тоҷикистон аз роҳи иҷрои пружаҳои бузурги зербиноӣ ва энержӣ низ барои суботи Афғонистон талош мекунад ва пружаи КАСА – 1000-ро дар ин замина барҷаста донист.
Вай гуфт, бо афзоиши таҳдидҳои фаромарзӣ, тақвияти ҳамоҳангӣ миёни кишварҳои минтақа аҳамияти бештаре пайдо кардааст.
Ин мақоми вазорати хориҷаи Тоҷикистон бар ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои марбути кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи, Иттиҳодия Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Созмони Ҳамкории Шанхай барои табодул ба мавқеи иттилоот ва вокуниши ҳамоҳанг ба таҳдидҳо таъкид кард.
Оқои Ҷалолов ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ “раванди Душанбе” барои мубориза бо тероризму таъмини молии онро дунбол мекунад.
Ба гуфта вай, ин раванд ба бистаре барои ҳамкории минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, гуфтугӯ табодули таҷриба дар мубориза бо тероризми табдил шудааст.
Ӯ афзуд Тоҷикистон қасд дорад дар сол 2027 нишасти баъдии сатҳи баланди мубориза бо тероризмро дар Душанбе баргузор кунад.
Вай илова кард, ки ҳали даргириҳои минтақавӣ ниёзманди рӯйкардии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона аст ва ҳамоҳангӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ бояд пояи ин рӯйкард бошад.