https://sputnik.tj/20261015/tojikiston-imzoi-sozishnomaho-hamkori-mablagh-1081229197.html
“Тоҷикистон ба пеш”: Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 3 млрд доллар
“Тоҷикистон ба пеш”: Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 3 млрд доллар
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи Форуми соҳибкории "Тоҷикистон ба пеш!" 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
2026-10-15T14:41+0500
2026-10-15T14:41+0500
2026-10-15T14:41+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сармоягузорӣ
созишнома
санади ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102405/94/1024059479_0:115:3001:1803_1920x0_80_0_0_5d4a0ec9a587c10ea68a6a9004bd7a73.jpg
ДУШАНБЕ, 15 окт - Sputnik. Дар доираи Форуми соҳибкории "Тоҷикистон ба пеш!", ки ахиран дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, 23 Созишномаи ҳамкорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи умумии 3,1 миллиард доллари амрикоӣ баста шуд.Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.Созишномаҳо соҳаҳои гуногун, аз қабили энергетика, иҷтимоӣ, сохтмон, тандурустӣ, маориф ва татбиқи лоиҳаҳои "сабз" -ро дар бар мегирад.Форуми соҳибкории "Тоҷикистон ба пеш!" як чорабинии бузурги иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мебошад, ки рӯзҳои 14–15 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи "Кохи Ваҳдат" баргузор гардид.Ин ҳамоиш ба муносибати Рӯзи соҳибкорон (ки ҳамасола 14 октябр таҷлил мешавад) бо ташаббуси Ҳукумати кишвар ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.Форум ҳамчун майдони васеи муколамаи мустақим байни давлат ва бахши хусусӣ хизмат намуда, ба мақсади муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди инноватсия, технологияҳо ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратии дарозмуддат равона шудааст.
https://sputnik.tj/20261011/sarmoyaguzori-energetika-tojikiston-rushd-1081114527.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102405/94/1024059479_160:0:2829:2002_1920x0_80_0_0_ce009ad0abc0f141a9401ed093dc9db9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, сармоягузорӣ, созишнома, санади ҳамкорӣ
дар тоҷикистон, иқтисод, сармоягузорӣ, созишнома, санади ҳамкорӣ
“Тоҷикистон ба пеш”: Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 3 млрд доллар
Дар доираи Форуми соҳибкории "Тоҷикистон ба пеш!" 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 15 окт - Sputnik. Дар доираи Форуми соҳибкории "Тоҷикистон ба пеш!", ки ахиран дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, 23 Созишномаи ҳамкорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи умумии 3,1 миллиард доллари амрикоӣ баста шуд.
Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.
Созишномаҳо соҳаҳои гуногун, аз қабили энергетика, иҷтимоӣ, сохтмон, тандурустӣ, маориф ва татбиқи лоиҳаҳои "сабз" -ро дар бар мегирад.
Форуми соҳибкории "Тоҷикистон ба пеш!" як чорабинии бузурги иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мебошад, ки рӯзҳои 14–15 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи "Кохи Ваҳдат" баргузор гардид.
Ин ҳамоиш ба муносибати Рӯзи соҳибкорон (ки ҳамасола 14 октябр таҷлил мешавад) бо ташаббуси Ҳукумати кишвар ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Форум ҳамчун майдони васеи муколамаи мустақим байни давлат ва бахши хусусӣ хизмат намуда, ба мақсади муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди инноватсия, технологияҳо ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратии дарозмуддат равона шудааст.