Тоҷикистон ҳаҷми боркашониро афзоиш дод

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкСтоянка зерновозов в Краснодарском крае.
Стоянка зерновозов в Краснодарском крае. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2026
Обуна шудан
Вилояти Хатлон серодамтарин долони нақлиётӣ буда, аз он 42,4 миллион тонна маҳсулоти гуногун ҳамлу нақл шудааст
ДУШАНБЕ, 15 окт – Sputnik. Аз аввали сол дар Тоҷикистон ҳаҷми боркашонӣ бо тамоми намудҳои нақлиёт афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Дар тӯли ҳашт моҳ тақрибан 108,5 миллион тонна бор интиқол дода шудааст.
Вилояти Хатлон серодамтарин долони нақлиётӣ буда, тавассути ин вилоят 42,4 миллион тонна маҳсулоти гуногун интиқол ёфтааст.
Тибқи омор, аз рӯи ҳаҷми боркашонӣ вилояти Суғд бо 35 миллион тонна дар ҷои дуюм аства пас аз вилояти Суғд дар феҳрист ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (15,5 миллион) қарор гирифт.
Маълумоти бештарро дар бораи ноҳияҳои боқимонда, дар тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед.
Ҳаҷми боркашонӣ дар Тоҷикистон
Ҳаҷми боркашонӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2026
Қобили зикр аст, ки шумораи воситаҳои нақлиёти бақайдгирифташуда дар Тоҷикистон дар соли 2025 афзоиш ёфтааст.
Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, то 1 январи соли 2026 дар кишвар беш аз 800 ҳазор воситаҳои нақлиётӣ расман бақайдгирифташуда мавҷуд буданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 тақрибан 99,7 ҳазор адад афзоишёфтааст. Ин афзоиш 14,2% -ро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2026 ҳаҷми боркашонии тиҷоратиро афзоиш дод
Мақомоти Тоҷикистон интизоранд, ки афзоиши минбаъда аз рушди тиҷорати дохилӣ, истеҳсоли саноатӣ ва кишоварзӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ вобаста хоҳад буд.
Роҳҳаи бозсозишуда ва робитаҳои нақлиётии минтақавӣ метавонанд интиқоли молҳо ва рушди бахши логистикии Тоҷикистонро осон кунанд.
Лентаи хабарҳо
0