https://sputnik.tj/20261013/qochoq-qonuni-vmkb-gusfandoni-nodir-1081164905.html
Қочоқ ё воридоти қонунӣ: Дар ВМКБ пайдоиши гӯсфандони нодирро шарҳ доданд
Қочоқ ё воридоти қонунӣ: Дар ВМКБ пайдоиши гӯсфандони нодирро шарҳ доданд
Sputnik Тоҷикистон
Манобеи хоси Sputnik Тоҷикистон қочоқи “ҳазорон гӯсфанд” аз Афғонистон ба ВМКБ-ро рад карданд
2026-10-13T14:20+0500
2026-10-13T14:20+0500
2026-10-13T14:27+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
вмкб
sputnik тоҷикистон
кишоварзӣ
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0d/1081159556_0:0:3071:1727_1920x0_80_0_0_5b534b6e21375762461630ab9eab9dc2.jpg
ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Манобеи маҳаллӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабарҳои паҳншудаи расонаҳои хориҷиро дар бораи қочоқи ҳазорҳо гӯсфанд аз вилояти Бадахшони Афғонистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон (ВМКБ) рад карданд.Қаблан, наворҳои сокинони маҳаллӣ дар як қатор расонаҳои хориҷӣ паҳн шуда буданд. Муаллифони онҳо аз қочоқи ҳазорон гӯсфанд аз қаламрави вулусволии Шуғнон Афғонистон бо ҳамкории марзбонони Толибон* хабар дода буданд.Дар видеое, ки ин расонаҳо мунташир кардаанд, ду марзбони Толибон аз чӯпонон мепурсанд, ки чанд сар гӯсфандро интиқол медиҳанд. Яке аз онон посух медиҳад, ки 310 сар, аммо фарди пурсишкунанда мегӯяд: “На хайр, ин якуним ҳазор сар аст”.Расонаҳои хориҷӣ ҳамчунин гузориш додаанд, ки дар як ҳафтаи гузашта дастикам ду рамаи дигари гӯсфанд аз марзи Шуғнон ба Тоҷикистон интиқол ёфта ва шумори маҷмӯии онҳо аз панҷ ҳазор сар бештар будааст.Манобеи Sputnik Тоҷикистон дар маҳал мегӯянд, ки гузориши расонаҳо иғроқомез аст ва шумори гӯсфандон аз 500 сар бештар нест.Тибқи иттилои манбаъҳо, тоҷирони ватанӣ ин гӯсфандонро барои ислоҳи зот ва тавсеаи зотпарварӣ ворид мекунанд.Ҳамчунин расонаҳои ғарбӣ ин тиҷоратро ба шахсе ба номи Ҳоҷӣ Аюб, бародари Қорӣ Амонуддин, фармондеҳи пешини Толибон дар Бадахшон ва волии кунунии вилояти Ҳилманд, муртабит дониста ва муддаӣ шудаанд, ки марзбонони Толибон дар бадали дарёфти пул, заминаи интиқоли гӯсфандонро фароҳам мекунанд.Ҳамсуҳбатони Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, ки барои онон ҳатто муҳим нест расонаҳо чӣ дидгоҳе нисбат ба ин тиҷорат доранд, аммо ҷониби Тоҷикистон онро таҳти контрол дорад ва қонунӣ медонад.Миёни Тоҷикистон ва Афғонистон панҷ бозори марзӣ фаъолият доранд: Тем (дар ҳумаи шаҳри Хоруғ), Ишкошим (дар маркази ноҳияи Ишкошим), Рузвай (дар ноҳияи Дарвоз), Хумроғ (дар ноҳияи Ванҷ) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва ҳамчунин Шоҳон (дар нуқтаи иттисоли ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон).Ҳукумати Тоҷикистон ҳамвора эълон мекунад, ки ин бозорҳо ба тавсеаи тиҷорат ва табодули амволу коло бо Афғонистон ва ҳамчунин беҳбуди зиндагии мардуми марзнишини он кишвар, ки аз масирҳои марказии Афғонистон дуранд, кумак мекунанд.*- Созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад
https://sputnik.tj/20260923/tojikiston-havasmand-sulh-afghoniston-1080660638.html
вмкб
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0d/1081159556_137:0:2868:2048_1920x0_80_0_0_0074fa3b79742ebb993dd928fc210c14.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вмкб, sputnik тоҷикистон, кишоварзӣ, афғонистон
дар тоҷикистон, вмкб, sputnik тоҷикистон, кишоварзӣ, афғонистон
Қочоқ ё воридоти қонунӣ: Дар ВМКБ пайдоиши гӯсфандони нодирро шарҳ доданд
14:20 13.10.2026 (Навсозишуда: 14:27 13.10.2026) Эксклюзив
Манобеи хоси Sputnik Тоҷикистон қочоқи “ҳазорон гӯсфанд” аз Афғонистон ба ВМКБ-ро рад карданд
ДУШАНБЕ, 13 окт - Sputnik. Манобеи маҳаллӣ дар сӯҳбат бо хабарнигори
Sputnik Тоҷикистон хабарҳои паҳншудаи расонаҳои хориҷиро дар бораи қочоқи ҳазорҳо гӯсфанд аз вилояти Бадахшони Афғонистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон (ВМКБ) рад карданд.
Қаблан, наворҳои сокинони маҳаллӣ дар як қатор расонаҳои хориҷӣ паҳн шуда буданд. Муаллифони онҳо аз қочоқи ҳазорон гӯсфанд аз қаламрави вулусволии Шуғнон Афғонистон бо ҳамкории марзбонони Толибон* хабар дода буданд.
Дар видеое, ки ин расонаҳо мунташир кардаанд, ду марзбони Толибон аз чӯпонон мепурсанд, ки чанд сар гӯсфандро интиқол медиҳанд. Яке аз онон посух медиҳад, ки 310 сар, аммо фарди пурсишкунанда мегӯяд: “На хайр, ин якуним ҳазор сар аст”.
Расонаҳои хориҷӣ ҳамчунин гузориш додаанд, ки дар як ҳафтаи гузашта дастикам ду рамаи дигари гӯсфанд аз марзи Шуғнон ба Тоҷикистон интиқол ёфта ва шумори маҷмӯии онҳо аз панҷ ҳазор сар бештар будааст.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон дар маҳал мегӯянд, ки гузориши расонаҳо иғроқомез аст ва шумори гӯсфандон аз 500 сар бештар нест.
“Инҳо гӯсфандони нажоди покистонӣ ҳастанд, ки ҳам аз лиҳози ҷусса ва ҳам аз назари зодувалад бартариҳое доранд. Қимати онҳо низ дар ҳудуди 500 доллар аст.”,- гуфт яке аз ҳамсӯҳбатон ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъҳо, тоҷирони ватанӣ ин гӯсфандонро барои ислоҳи зот ва тавсеаи зотпарварӣ ворид мекунанд.
“Марз ва гузаргоҳҳои сарҳадиву гумрукӣ ҳама таҳти назорати шадид қарор доранд ва ҳеҷ мавриде аз қочоқи чорво ба сабт нарасидааст. Ҳар он чӣ сурат мегирад, дар бозорҳои марзӣ ва дар чорчӯби додугирифти қонунии миёни тарафайн аст”.
Ҳамчунин расонаҳои ғарбӣ ин тиҷоратро ба шахсе ба номи Ҳоҷӣ Аюб, бародари Қорӣ Амонуддин, фармондеҳи пешини Толибон дар Бадахшон ва волии кунунии вилояти Ҳилманд, муртабит дониста ва муддаӣ шудаанд, ки марзбонони Толибон дар бадали дарёфти пул, заминаи интиқоли гӯсфандонро фароҳам мекунанд.
Ҳамсуҳбатони Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, ки барои онон ҳатто муҳим нест расонаҳо чӣ дидгоҳе нисбат ба ин тиҷорат доранд, аммо ҷониби Тоҷикистон онро таҳти контрол дорад ва қонунӣ медонад.
Миёни Тоҷикистон ва Афғонистон панҷ бозори марзӣ фаъолият доранд: Тем (дар ҳумаи шаҳри Хоруғ), Ишкошим (дар маркази ноҳияи Ишкошим), Рузвай (дар ноҳияи Дарвоз), Хумроғ (дар ноҳияи Ванҷ) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва ҳамчунин Шоҳон (дар нуқтаи иттисоли ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон).
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамвора эълон мекунад, ки ин бозорҳо ба тавсеаи тиҷорат ва табодули амволу коло бо Афғонистон ва ҳамчунин беҳбуди зиндагии мардуми марзнишини он кишвар, ки аз масирҳои марказии Афғонистон дуранд, кумак мекунанд.
*- Созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад