https://sputnik.tj/20261012/vaziri-korhoi-khorijii-ukraina-tramp-zelenskiy-vokunish-1081135574.html
Вазири корҳои хориҷии Украина ногаҳон ба суханони Трамп дар бораи Зеленский вокуниш кард
Вазири корҳои хориҷии Украина ногаҳон ба суханони Трамп дар бораи Зеленский вокуниш кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Украина пас аз изҳороти Трамп дар бораи Зеленский муроҷиатеро нашр кард
2026-10-12T13:32+0500
2026-10-12T13:32+0500
2026-10-12T13:47+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
трамп
владимир зеленский
сиёсат
ҳалли низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0c/1081136643_0:171:3072:1899_1920x0_80_0_0_d1661e1e1b0b4b196f7faf6fc405afb6.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Украина Андрей Сибига пас аз изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи Владимир Зеленский даъват кард, вокуниши тунд накунанд."Мо бояд аз арзёбиҳои бармаҳал ё эҳсосӣ худдорӣ кунем", - гуфтааст ӯ ба РБК-Украина.Вазир қайд кард, ки ба зудӣ дар ИМА интихоботи Конгресс баргузор мешавад ва ин омил метавонад ба изҳороти оммавӣ таъсир расонад.Рӯзи пеш президенти ИМА раҳбари режими Киевро ба нодида гирифтани дархостҳои Вашингтон дар бораи ҳамла накардан ба корхонаҳои полоиши нафти Русия айбдор кард.Ба гуфтаи Трамп, вай бояд кайҳо бо Маскав сулҳ мекард, аммо ба ҷои ин "барои тамоми ҷаҳон мушкилот эҷод мекард".Вай пешниҳод кард, ки дар Украина интихобот баргузор шавад, то мардуми ин кишвар раҳбареро интихоб кунанд, ки бештар ба гуфтушунид омода бошад.
https://sputnik.tj/20261011/dmitriev-talosh-tramp-buhron-ukraina-nazdik-1081118102.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/0c/1081136643_205:0:2936:2048_1920x0_80_0_0_95841e7101015c11f8a0cc5f1c4096d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, трамп, владимир зеленский, сиёсат , ҳалли низоъ
украина, амалиёти вижа, трамп, владимир зеленский, сиёсат , ҳалли низоъ
Вазири корҳои хориҷии Украина ногаҳон ба суханони Трамп дар бораи Зеленский вокуниш кард
13:32 12.10.2026 (Навсозишуда: 13:47 12.10.2026) Вазири хориҷаи Украина пас аз изҳороти Трамп дар бораи Зеленский муроҷиатеро нашр кард
ДУШАНБЕ, 12 окт - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Украина Андрей Сибига пас аз изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи Владимир Зеленский даъват кард, вокуниши тунд накунанд.
"Мо бояд аз арзёбиҳои бармаҳал ё эҳсосӣ худдорӣ кунем", - гуфтааст ӯ ба РБК-Украина.
Вазир қайд кард, ки ба зудӣ дар ИМА интихоботи Конгресс баргузор мешавад ва ин омил метавонад ба изҳороти оммавӣ таъсир расонад.
Рӯзи пеш президенти ИМА раҳбари режими Киевро ба нодида гирифтани дархостҳои Вашингтон дар бораи ҳамла накардан ба корхонаҳои полоиши нафти Русия айбдор кард.
Ба гуфтаи Трамп, вай бояд кайҳо бо Маскав сулҳ мекард, аммо ба ҷои ин "барои тамоми ҷаҳон мушкилот эҷод мекард".
Вай пешниҳод кард, ки дар Украина интихобот баргузор шавад, то мардуми ин кишвар раҳбареро интихоб кунанд, ки бештар ба гуфтушунид омода бошад.