Тоҷикистон барои сохтмони маркази Агрологистки дар ноҳияи Данғара пул пайдо кард

© Sputnik / Владимир Николаев / Гузариш ба медиабонкПод Новосибирском запустили вторую очередь транспортно-логистического центра "Сибирский"
Под Новосибирском запустили вторую очередь транспортно-логистического центра Сибирский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2026
Обуна шудан
Маблағҳое, ки барои Тоҷикистон дода мешаванд барои ба анҷом расонидани корҳои сохтумонии маркази Агрологистки дар ноҳияи Данғара равона мешаванд
ДУШАНБЕ, 12 окт - Sputnik. Созмони байналмилалӣ ба Тоҷикистон барои тиатбиқи лоиҳаи сохтмони маркази Агрологистки дар ноҳияи Данғара 7,5 миллион доллар ихтисос медиҳад
Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки маблағҳоро Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷудо намудааст.
“Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои ин лоиҳа 7,5 миллион доллар маблағгузории иловагӣ ҷудо мекунад”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки ахиран вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гаэл Рабалланд созишномаи дахлдорро дар ин бора ба имзо расониданд.
“Ин маблағ барои ба анҷом расонидани корҳои сохтумонии маркази Агрологистки дар ноҳияи Данғара, бо таҷҳизоти зарурӣ барои коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ таъмин кардани маркази агрологистики дар шаҳри Душанбе ва фароҳам овардани шароити устувори фаъолияти ҳар ду марказ истифода мешавад”, - қайд кардааст вазорат.
Терминально-логистический центр Восток – Запад в Черняховске. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2026
Тоҷикистон барои бунёди марказҳои логистикӣ сармоягузор меҷӯяд
Қайд карда шудааст, ки ин марказҳо ба кишоварзон барои зиёд кардани даромад, таъсиси ҷойҳои корӣ ва васеъ кардани имкониятҳои содирот кумак карда, ҳамзамон амнияти озуқаворири кумак мерасонад.
Вазорати молия таъкид кардааст, ки татбиқи ин лоиҳа барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди сармояи инсонӣ мусоидат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0