Тоҷикистон муҳлати ба қайд гирифтани хориҷиҳоро дар ҳудудашро тамдид кард

© Sputnik / Amir IsaevРоссийские туристы в Пенджикенте
Российские туристы в Пенджикенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2026
Обуна шудан
Ҳадаф аз тағйирот сода гардондани будубоши хориҷиҳо дар ҷумҳурӣ ва ташкили шароити мусоид барои сайёҳон арзёбӣ мешвад
ТАШКЕНТ, 12 окт — Sputnik. Муҳлати ба қайд гирифтани хориҷиҳо баъди вурудашон ба Тоҷикистон тамдид карда шуд.
Тағйирот дар ин бора ба қонун дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва атбои бешаҳрвандӣ ахиран аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қабул карда шуд.
Бар асоси ин тағйирот атбои хориҷӣ, ки ба қаламрави кишвар ворид мешавад, анакнун муҳлати бештар дошат, метавонанд дар давоми то 15 рӯзи корӣ худро дар қайд гузоранд.
То ин дам барои бақайдгирӣ хориҷиёни воридшуда танҳо 10 рӯзи корӣ муҳлат доштанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2026
Аз амнияти озуқаворӣ то рушди сайёҳӣ: Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат чиро баррасӣ кард?
Тавре Баҳодур Холиқзода, муовини вазири корҳои дохилӣ дар шарҳи тағйирот гуфт, лоиҳаи мазкур аз ҷониби ҳукумати кишвар пешниҳод карда шуд.
Ба гуфтаи вай, сода гардонидани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин, рушди сайёҳӣ ва таъмини шароити мусоид барои сайёҳон, ки аз дастурҳои роҳбарияти олии кишвар бармеояд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Таъкид мешавад, ки лоиҳаи пешниҳодшуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, мухолифат накарда, маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Лентаи хабарҳо
0