“Тоҷикфилм” бо Россотрудничество ҳамкориҳоро дар бахши кино густариш медиҳанд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкСъемки сериала. Иллюстративное фото
Съемки сериала. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2026
Обуна шудан
Тоҷикфилм” ва Россотрудничество омодаанд барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи кино ва фарҳанг ҳамкориҳоро боз ҳам тақвият диҳанд
ДУШАНБЕ, 12 окт - Sputnik. Масъалаи густариши ҳамкориҳо дар гуфтугӯи мудири муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" Маҳмадсаид Шоҳиён бо Андрей Валериевич Патрушев роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон хабр доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи кино, омода намудани кадрҳои миллӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематография ба номи С. А. Герасимов (ВГИК) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар ин дидор роҷеъ ба табодули таҷрибаи касбӣ, ташкили дарсҳои “Устоду шогирд” ( мастер – класс ) ва барномаҳои омӯзишӣ, ҷалби коргардонҳо ва мутахассисони соҳаи кинои Россия ба таҳияи филмҳои муштарак дар қолаби копродуксия ва татбиқи лоиҳаҳои нави эҷодӣ табодули назар карданд.
Намояндагони Донишкадаи давлатии кинематографияи умумирусиягии ба номи С. Герасимов (ВГИК)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2023
“ВГИК”-и Русия ба Тоҷикистон мутахассиси соҳаи кино омода мекунад
Қайд гардид, ки дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” яке аз дарсҳои “мастер – класс” дар бинои “Русский Дом” воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар ин дидор таъкид карданд, ки густариши ҳамкориҳои мустақим миёни муассисаҳои синамоии ду кишвар метавонад ба омодасозии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбии филмофарон ва таҳияи филмҳои муштарак мусоидат намояд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи кино ва фарҳанг иброз доштанд.
Лентаи хабарҳо
0