https://sputnik.tj/20261012/muhammad-naimov-niz-ufc-khorij-sabab-1081135030.html
Муҳаммад Наимов низ аз UFC хориҷ шуд: сабаб?
Муҳаммад Наимов низ аз UFC хориҷ шуд: сабаб?
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби ихроҷи размикори ду бохти пайдарҳам дар рақобатҳои ахираш гумон зада мешавад Ташкилоти соли гузашта варзишкори дигари тоҷик Лоиқ Раҷабовро низ аз сафаш хориҷ карда буд
2026-10-12T13:15+0500
2026-10-12T13:15+0500
2026-10-12T13:15+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
мма
муҳаммад наимов
лоиқ раҷабов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1e/1057435709_0:42:1080:650_1920x0_80_0_0_991ad820ef90a911dc62023bb86707c1.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Муҳаммад Наимов размикори тоҷик аз созмони пешбари санъатҳои муҳорибаи омехтаи ҷаҳон UFC хориҷ карда шуд. Қарори хориҷ кардани рамикор аз ростери ташкилот ду рӯз қабл баромадааст.Ӯ, ки дар вазни сабук рақобат мекарду бо лақаби "Ҳиллман" (Hillman) маъруф аст, баъд аз ду шикасти пайдарпай бо нокаут аз рӯйхати UFC хориҷ карда шуд.Коршиносони соҳа низ маҳз ду бохти охири ӯро сабаби барканорияш аз созмон медонанд.Варзишкори тоҷик, ки соли 2023 ба созмон пайваста буд, бо рекорди 13-5 (5-3 дар UFC) ин созмонро тарк кард. Дар се сол, ӯ дар лигаи олии ҷаҳон ҳафт муҳориба анҷом дод ва дар панҷтои онҳо пирӯз шуд. Пирӯзиҳои ӯ бар Натаниэл Вуд, Ҷейми Малларки ва Богдан Град махсусан таъсирбахш буданд. Ҳамаи ин рақибон муборизони қавии UFC ҳисобида мешаванд. Аммо, ду муҳорибаи охирини Наимов хеле заиф буданд ва бо нокаут мағлуб шуданд. Муҳаммад охирин муҳорибаи худро бар Лозена Кейта дар UFC Fight Night 287 дар Париж бо нокаут анҷом дод.Ӯ дар дастаи "Elevation Fight Team" дар Колорадо тамрин мекунад ва ҳоло расман дар бораи ин қарори созмон изҳори назар накардааст.Наимов 7 августи соли 1994 дар шаҳри Кӯлоби таваллуд шуда, қадаш 175 см буда, одатан дар вазни тақрибан 66 кг мубориза мебарад, гарчанде як бор дар UFC дар вазни сабук низ баромад кардааст. Услуби муборизааш "ортодокс" (пойи чап дар пеш) буда, заминаи варзишиаш ба таэквондо асос ёфта, сабки муборизаи ӯ дар наздикӣ (клинч) буда, зарбаҳои пояш хеле сахту корсоз аст.Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин ихроҷи размикорони тоҷик дар UFC набуда, дар охири соли гузашта созмон Лоиқ Раҷабовро низ аз сафаш хориҷ карда буд. Раҷабов, 36-сола, рекорди 18-6-1 (2-2 дар UFC) дорад, ва сабабш дар камфаъолиятии ӯ дар созмон ҳадс зада мешуд, вале ташкилот нагуфт чаро ӯро ихроҷ кард.Ин размикор ҳоло бо ташкилоти ACA шартнома баста, қарор аст, ки аввалин рақобаташро дар он 30 октябр дар Душанбе доир кунад
https://sputnik.tj/20261010/khujand-musobiqa-baynalmilalii-kamonvari-1081106482.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/1e/1057435709_0:41:1080:851_1920x0_80_0_0_75d4454ce59398d37a21a5ea1182cb8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, мма, муҳаммад наимов, лоиқ раҷабов
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, мма, муҳаммад наимов, лоиқ раҷабов
Муҳаммад Наимов низ аз UFC хориҷ шуд: сабаб?
Сабаби ихроҷи размикори ду бохти пайдарҳам дар рақобатҳои ахираш гумон зада мешавад Ташкилоти соли гузашта варзишкори дигари тоҷик Лоиқ Раҷабовро низ аз сафаш хориҷ карда буд
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Муҳаммад Наимов размикори тоҷик аз созмони пешбари санъатҳои муҳорибаи омехтаи ҷаҳон UFC хориҷ карда шуд.
Қарори хориҷ кардани рамикор аз ростери ташкилот ду рӯз қабл баромадааст.
Ӯ, ки дар вазни сабук рақобат мекарду бо лақаби "Ҳиллман" (Hillman) маъруф аст, баъд аз ду шикасти пайдарпай бо нокаут аз рӯйхати UFC хориҷ карда шуд.
Коршиносони соҳа низ маҳз ду бохти охири ӯро сабаби барканорияш аз созмон медонанд.
Варзишкори тоҷик, ки соли 2023 ба созмон пайваста буд, бо рекорди 13-5 (5-3 дар UFC) ин созмонро тарк кард.
Дар се сол, ӯ дар лигаи олии ҷаҳон ҳафт муҳориба анҷом дод ва дар панҷтои онҳо пирӯз шуд.
Пирӯзиҳои ӯ бар Натаниэл Вуд, Ҷейми Малларки ва Богдан Град махсусан таъсирбахш буданд. Ҳамаи ин рақибон муборизони қавии UFC ҳисобида мешаванд.
Аммо, ду муҳорибаи охирини Наимов хеле заиф буданд ва бо нокаут мағлуб шуданд. Муҳаммад охирин муҳорибаи худро бар Лозена Кейта дар UFC Fight Night 287 дар Париж бо нокаут анҷом дод.
Ӯ дар дастаи "Elevation Fight Team" дар Колорадо тамрин мекунад ва ҳоло расман дар бораи ин қарори созмон изҳори назар накардааст.
Наимов 7 августи соли 1994 дар шаҳри Кӯлоби таваллуд шуда, қадаш 175 см буда, одатан дар вазни тақрибан 66 кг мубориза мебарад, гарчанде як бор дар UFC дар вазни сабук низ баромад кардааст.
Услуби муборизааш "ортодокс" (пойи чап дар пеш) буда, заминаи варзишиаш ба таэквондо асос ёфта, сабки муборизаи ӯ дар наздикӣ (клинч) буда, зарбаҳои пояш хеле сахту корсоз аст.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин ихроҷи размикорони тоҷик дар UFC набуда, дар охири соли гузашта созмон Лоиқ Раҷабовро низ аз сафаш хориҷ карда буд.
Раҷабов, 36-сола, рекорди 18-6-1 (2-2 дар UFC) дорад, ва сабабш дар камфаъолиятии ӯ дар созмон ҳадс зада мешуд, вале ташкилот нагуфт чаро ӯро ихроҷ кард.
Ин размикор ҳоло бо ташкилоти ACA шартнома баста, қарор аст, ки аввалин рақобаташро дар он 30 октябр дар Душанбе доир кунад