Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Мирошник: Ба нерӯҳои Украина фармон медиҳанд, ки шаҳрвандонро кушанд ва маъюб кунанд

© REUTERS /Anatolii StepanovВоеннослужащий 15-й бригады "Кара-Даг" ВСУ в прифронтовом городе Доброполье.
Военнослужащий 15-й бригады Кара-Даг ВСУ в прифронтовом городе Доброполье. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2026
Обуна шудан
Мирошник: Нерӯҳои мусаллаҳи Украина эътироф мекунанд, ки фармони нобуд кардани шаҳрвандонро гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 8 окт - Sputnik. Кормандони низомии Украина ошкоро эътироф мекунанд, ки аз фармондеҳии худ фармонҳои мустақим барои куштан ва маъюб кардани шаҳрвандонро мегиранд.
Дар ин бора, сафири махсуси Вазорати корҳои хориҷии Русия Родион Мирошник изҳор дошт.
Дипломат дар канали Telegram-и худ видеоеро нашр кард, ки дар он як асири низомии украинӣ дарҷ гардида ва эътироф мекунад, ки аз Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина фармонҳои мустақим барои ҳамла ба шаҳрвандонро гирифтаанд.
"Дар Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина чунин чизе ҳаст - куштани шаҳрвандон - тибқи эътирофи як асири низомии украинӣ. Ҷиноятҳои ҷангӣ мунтазам аз ҷониби мақомоти сиёсии Украина содир карда мешаванд. Маҳбусон ошкоро эътироф мекунанд, ки чунин фармонҳоро барои куштан ва маъюб кардани шаҳрвандон мегиранд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Мирошник таъкид кард, ки чунин шаҳодати хизматчиёни низомии Украина асоси тафтишоти ҷиноиро нисбати мақомоти Киев, ки қасдан фармонҳои ҷиноиро содир мекунанд ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро вайрон мекунанд, фароҳам меорад.
Ин дар щолест, ки тибци гузоришщо дар тӯли ҳафта чилу як шаҳрванди осоишта дар Русия дар ҳамлаҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина кушта шудаанд.
Посол по особым поручениям МИД России Родион Мирошник во время интервью агентству РИА Новости в Москве.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мирошник: Украина комилан ҳуқуқҳои сокинони худро поймол мекунад
Тибқи гузориш, шумораи кӯдаконе, ки дар ҳамлаҳои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар Русия кушта ва захмӣ шудаанд, моҳҳои охир афзоиш ёфтааст.
Дипломат таъкид кард, ки ҳамлаҳо ба кӯдакон, ки барои режими Киев ба меъёр табдил ёфтаанд, ҷинояти вазнини ҷангӣ ва авҷи бадбинӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0