Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВУХ: Украина бо айбдор кардани Русия ба зарари экологӣ, пул талаб мекунад

© AP / Francisco SecoДым после ракетного удара по Киеву.
Дым после ракетного удара по Киеву. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2026
Обуна шудан
Кононученко: Бо айбдор кардани Русия ба зарари экологӣ, Украина гадоӣ мекунад
‎‎ ДУШАНБЕ, 7 окт - Sputnik. Режими Киев боз ҳам пул талаб мекунад ва қасд дорад, ки барои зарари экологӣ ба Украина дар натиҷаи амалиёти вижа ҷуброн талаб кунад.
Дар ин бора, сафири махсус ва намояндаи вижаи вазири корҳои хориҷии Русия оид ба масъалаҳои иқлим Сергей Кононученко дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт.
Дар Конфронси иқлимии СММ дар моҳи ноябри соли 2025 намояндагони Киев нияти худро барои зарари экологӣ ба Украина дар давраи амалиёти вижа аз Русия ҷуброн талаб карданро эълон карданд.
"Режими Киев аз ҳар баҳона барои гадоӣ кардани пул истифода мебарад. Агар он ҳифзи муҳити зистро нодида мегирифт, аҷиб мебуд", - гуфт, Кононученко дар шарҳи талаботи Киев.
Ӯ таъкид кард, ки Киев зарари экологиеро, ки Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина аз соли 2014 ба Қрим ва Донбасс расонидаанд ва расонида истодаанд, ба назар нагирифтааст.
Русия 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти махсуси низомиро оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров дар бораи нақшаҳои НАТО дар сурати "ҳамла аз ҷониби Русия" изҳори назар кард
Ӯ қайд кард, ки амалиёти махсус як чораи зарурӣ буд ва Русия "бе ягон варианти дигар монд. Хатарҳои амниятии ба вуҷуд омада ба дараҷае буданд, ки вокуниш бо дигар роҳҳо ғайриимкон буд".
Лентаи хабарҳо
0