https://sputnik.tj/20261007/vazi-talafoti-nerui-barq-khatlon-energetika-nigaron-1080997076.html
Вазъи талафоти неруи барқ дар Хатлон вазири энергетикаро нигарон кардааст
Вазъи талафоти неруи барқ дар Хатлон вазири энергетикаро нигарон кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо масълини шаҳри Кӯлоб масъалаҳои коҳиши талафоти неруи барқро мавриди баррасӣ қарор дод
2026-10-07T09:36+0500
2026-10-07T09:36+0500
2026-10-07T09:36+0500
дар тоҷикистон
барқ
энергетика
хатлон
талафот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/15/1079826433_0:9:2730:1545_1920x0_80_0_0_f5c95a1f3d61481615762342e8356632.jpg
ДУШАНБЕ, 7 окт - Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб бо кормандони филиалҳои ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Кӯлоб ва ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" дар шаҳри Бохтар дидору гуфтугӯ кард.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетикаи кишвар хабар додааст.Ба иттилои вазорат, зимни ҷаласа раванди татбиқи лоиҳаи "Кам намудани талаботи неру дар вилояти Хатлон" (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар) мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Қайд карда шудааст, ки дар ҷаласа ба масъалаи коҳиш додани талафоти неруи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқи минтақаи Кӯлоб таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.Вазир бо масъулин вВазъи талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, ҳолати баҳисобгирии неруи барқ, фаъолияти низоми биллингӣ, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ва тадбирҳои андешидашуда барои пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ карданд.Далер Ҷумъа ба масъулон барои тақвияти корҳо дар самти коҳиши талафоти неруи барқ, беҳтар намудани баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маблағ, таъмини фаъолияти устувору боэътимоди шабакаҳои барқ дар давраи тирамоҳу зимистон супоришҳои мушаххас дод.Вазир барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.Масъалаи талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ба шумор меравад ва нишондиҳандаи он дар як қатор шаҳру ноҳияҳо аз 20% зиёд аст.
https://sputnik.tj/20251223/vazorati-energetika-talabot-nerui-barq-afzoish-1074043735.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/15/1079826433_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_fd57292b12879f275230e7d6ae633750.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, барқ, энергетика, хатлон, талафот
дар тоҷикистон, барқ, энергетика, хатлон, талафот
Вазъи талафоти неруи барқ дар Хатлон вазири энергетикаро нигарон кардааст
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо масълини шаҳри Кӯлоб масъалаҳои коҳиши талафоти неруи барқро мавриди баррасӣ қарор дод
ДУШАНБЕ, 7 окт - Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб бо кормандони филиалҳои ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар шаҳри Кӯлоб ва ҶСК "Шабакаҳои интиқоли барқ" дар шаҳри Бохтар дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетикаи кишвар хабар додааст.
Ба иттилои вазорат, зимни ҷаласа раванди татбиқи лоиҳаи "Кам намудани талаботи неру дар вилояти Хатлон" (шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар) мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Қайд карда шудааст, ки дар ҷаласа ба масъалаи коҳиш додани талафоти неруи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқи минтақаи Кӯлоб таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Вазир бо масъулин вВазъи талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, ҳолати баҳисобгирии неруи барқ, фаъолияти низоми биллингӣ, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ва тадбирҳои андешидашуда барои пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ карданд.
Далер Ҷумъа ба масъулон барои тақвияти корҳо дар самти коҳиши талафоти неруи барқ, беҳтар намудани баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маблағ, таъмини фаъолияти устувору боэътимоди шабакаҳои барқ дар давраи тирамоҳу зимистон супоришҳои мушаххас дод.
Вазир барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Масъалаи талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ба шумор меравад ва нишондиҳандаи он дар як қатор шаҳру ноҳияҳо аз 20% зиёд аст.