Хонаҳо гарм мешаванд: оғози кори марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе

© Sputnik / Рамиль СитдиковРебенок греет руки у батареи.
Ребенок греет руки у батареи. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2026
Обуна шудан
Дар мавсими кунунӣ нақша дошта шудааст, ки беш аз 3300 иншоот ва биноҳои истиқоматии пойтахт бо гармӣ таъмин карда шаванд
ДУШАНБЕ, 7 окт - Sputnik. Дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе қубурҳои гармидиҳӣ ба таври санҷишӣ ба кор оғоз намуданд.
Дар ин бора "Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе" хабар додааст.
Ба иттилои ин муассиса шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо об пур ва барои таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе пурра омода буда, марҳила ба марҳила ба кор шуруъ менамоянд.
Ба иттилои Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе имсол дар умум 3 ҳазору 300 бино ва иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд.
Ин ниҳод аз сокинони Душанбе хоҳиш кардааст, ки қубурҳо ва таҷҳизоти гармидиҳии хона ва коргоҳу идораҳои худро санҷанд ва барои қабули оби гарм омода намоянд.
Мавсими гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбебарои давраи тирмоҳу зимистони соли 2026–2027 расман омода шуда, аз 5–6-уми октябри соли 2026 қубурҳои гармидиҳӣ ба таври санҷишӣ ба кор оғоз намуданд.
Таъмини гармӣ тамоми 4 ноҳияи шаҳри Душанберо фаро мегирад ва омодагӣ таҳти назорати мақомоти шаҳрдорӣ қарор дорад.
Аз сокинони Тоҷикистонро хостанд, ки зимни истифодаи ангишт аз эҳтиёт кор бигиранд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2025
Аз сокинони Тоҷикистонро хостанд, ки зимни истифодаи ангишт аз эҳтиёт кор бигиранд.
Манбаъҳои асосии истеҳсоли қувваи гармӣ дар пойтахт Марказҳои барқу гармидиҳии "Душанбе-1" ва "Душанбе-2" (МБГ-2) мебошанд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад.
Дар ин замина ҳангоми истифодаи гармии дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсолшуда дар пойтахт неруи барқ сарфа мегардад, ки ин барои таъминоти барқ дар саросари ҷумҳурӣ манфиатбахш аст.
Лентаи хабарҳо
0