Пизишкиён ба Раҳмон: робитаҳои дӯстиву ҳамкориҳои ду кишвар боз ҳам тақвият меёбанд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон встретился с Президентом Исламской Республики Иран Масудом Пезешкияном.
Эмомали Рахмон встретился с Президентом Исламской Республики Иран Масудом Пезешкияном. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2026
Обуна шудан
Тоҷикистону Эрон аз раванди рушду тавсеаи бомароми муносибатҳои ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 6 окт - Sputnik. Раисҷумҳури Эрон дар тамоси телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, зодрӯзи вайро табрик гуфт ва барои миллати Тоҷикистони орзӯии саломатӣ ва саодат кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Дар суҳбат ҷонибҳо аз раванди рушду тавсеаи бомароми муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки бо саъю талошҳои муштарак робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар минбаъд ҳам дар масири густариши бемайлон қарор хоҳад гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон бар густариши равобити Теҳрону Душанбе таъкид карда ва суханронии доктори Пизишкиён дар Маҷмаъи умумии Созмони Милалро тамҷид кард.
Доктори Масъӯд Пизишкиён дар гуфтугӯи телефонӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни табрики зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон орзӯи тӯли умр барои вай, барои миллати Тоҷикистон низ орзӯии хушбахтӣ ва саодат кард.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2026
Путин Раҳмонро бо 74-умин солгарди зодрӯзаш шодбош гуфта
Дар идома ин гуфтугӯ, Эмомалӣ Раҳмон зимни қадрдонӣ аз доктори Пизишкиён, бар зарурати густариши равобити миёни Теҳрону Душанбе таъкид кард.
“Ман ва тамомии мардуми Тоҷикистон аз раванди рӯ ба рушди таъомул ва таъмиқи равобит миёни ду кишвар хурсандем”, гуфт Пизишкиён.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар бахши дигаре аз суханони худ, бо ишора ба суханронии доктори Пизишкиён дар Маҷмаъи умумии СММ, онро ҳӯшмандона ва муқтадирона тавсиф ва барои миллати Эрони орзӯии хушбахтӣ ва сарбаландӣ кард.
Дар фарҷоми суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Эрон хоҳони сулҳу субот ва рифоҳи доимӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0