Шаҳри Бохтар бехатар мешавад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкКомплекс автофиксации нарушений ПДД в Новосибирске
Комплекс автофиксации нарушений ПДД в Новосибирске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2026
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти шаҳри Бохтар, лоиҳаи "Шаҳри бехатар" ба фаъолият худ оғоз хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 4 окт - Sputnik. Аз 5 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар лоиҳаи "Шаҳри бехатар" ба фаъолият оғоз менамояд.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Бохтар хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи лоиҳа дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр камераҳои назоратӣ ва радарҳо насб гардиданд.
Ин камераҳо қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд бардоштани суръати ҳаракат, гузаштан аз чароғаки сурх ва таваққуфи нодурустро ба таври худкор сабт мекунанд.
Раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид қаблан дар як нишасти хабарӣ таъкид намуда буд, ки татбиқи лоиҳаи "Шаҳри бехатар" ба баланд бардоштани сатҳи амнияти ҷамъиятӣ, таъмини ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва истифодаи технологияҳои муосир дар идоракунии ҳаракати роҳ равона шудааст.
Сотрудники милиции общаются с водителем в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2026
Дар Бохтар беш аз ҳафт ҳазор ронанда ҷарима шудааст: Мақомот гуфт чаро?
Татбиқи лоиҳа бо дастгирӣ ва маблағгузории соҳибкорони ватандӯсти шаҳри Бохтар амалӣ гардида, саҳми онҳо дар рушди инфрасохтор ва таҳкими амнияти ҷамъиятӣ муҳим арзёбӣ мешавад.
Мақомоти шаҳри Бохтар аз ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ даъват кардааст, ки барои пешгирии қоидавайронкунӣ ва ҳолатҳои нохуш қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъиян риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0