Аз барфу сел то чангу ғубор: Ҳушдор аз ҳавои номусоид дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкГоры в Таджикистане, архивное фото
Горы в  Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.10.2026
Обуна шудан
Сокинони шимолу шарқи кишварро дар рӯзҳои оянда боришу сел, аммо аҳолии ҷанубиро чангу ғубор интизор аст, хабар медиҳанд ҳавосанҷон
ДУШАНБЕ, 4 окт – Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми ду рӯзи оянда ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар такя ба ҳавосанҷони кишвар хабар медиҳад, ки 5 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, боридани борон ва дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф пешбинӣ мешавад.
Таъкид шудааст, ки дар баъзе ноҳияҳо боришот шиддат мегирад.
Ба иттилои манбаъ, дар аксари ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ пастшавии ҳарорати ҳаво пешбинӣ гардида, эҳтимоли вазиши шамол бо суръати 15–20 м/с ва дар ноҳияҳои алоҳида то 20–25 м/с вуҷуд дорад.
Пыльная буря в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2026
Ҳавои мо ифлос нест: Тоҷикистон бо хулосаҳои пажуҳишгоҳи "IQAir"-и розӣ нест
Ҳамчунин рӯзҳои 5–6 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти сел пешбинӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол ҷануби кишварро на сардиву борон, балки чангу ғубор интизор аст.
Ҳамин тариқ аз нимаи дуюми рӯзи 4 октябр то 6 октябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, бинобар таъсири омилҳои метеорологӣ баланд шудани сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз ҳисоби зарраҳои муаллақ (чанг) бо андозаи 10 мкм (PM10) ва 2,5 мкм (PM2,5) дар назар аст.
Таъкид шудааст, ки воридшавии чангу ғубор аз самтҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол КҲФ аз шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин шароити обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0