https://sputnik.tj/20261003/tojikiston-qirghiziston-muboriza-terrorizmu-ekstremizm-1080910478.html
Тоҷикистону Қирғизистон мубориза бо терроризму экстремизмро ҳамоҳанг мекунанд
Тоҷикистону Қирғизистон мубориза бо терроризму экстремизмро ҳамоҳанг мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт ҳамкориҳо бо Қирғизистон бар пояи мустаҳками таърихӣ ва муносибатҳои анъанавии неки ҳамсоягии байни ду кишвар асос ёфтаанд.
2026-10-03T10:21+0500
2026-10-03T10:21+0500
2026-10-03T10:21+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
ҳамкорӣ
прокурор
прокурори генералӣ
терроризм
экстремизм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/03/1080910302_0:0:480:270_1920x0_80_0_0_3dc46df9cfbde9cf9f2d779c11068713.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Дар доираи ҷаласаҳои муштараки Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Қазон додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо ҳамтои қирғизаш Малик Бектурганов дидору гуфтугӯ кард.Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст.Дар ин дидор тарафҳо таъкид карданд, ки ҳамкории дуҷониба бар пояи мустаҳками таърихӣ ва муносибатҳои анъанавии неки ҳамсоягии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон асос ёфтааст.Тарафҳо ба нақши калидии сарони давлатҳо ду кишвар, дар ҳалли масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, ки ба рушди эътимоди стратегӣ мусоидат мекунад, таъкид карданд.Ҷонибҳо ҳамчунин омодагии мутақобилаи худро барои тақвияти ин сатҳи баланди эътимоди мутақобила тавассути ҳамкории зич ва самарабахши байни мақомоти прокуратураи ду кишвар тасдиқ карданд.Ғайр аз ин прокуророни Тоҷикистону Қирғизистон, масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин тақвияти робитаҳои мустақими корӣ барои ҳифзи боэътимоди ҳуқуқҳои шаҳрвандон баррасӣ карданд.Ҳамзамон дар ҳошияи ҷаласа мулоқоти додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо ҳамтои қазоқаш Берик Асилов низ дидору гуфтугӯ кард.Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро, ки тавассути талошҳои муштарак ва иродаи сиёсии сарони давлатҳо ба даст омадаанд, қайд карданд.Инчунин тарафҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни мақомоти прокуратура, аз ҷумла ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак ва мубодилаи таҷриба барои ҳалли самараноки мушкилоти муосир ва таъмини амниятро мавриди баррасӣ қарор доданд.
https://sputnik.tj/20261001/dodsitonhoi-kulli-rusiya-tojikiston-tavofuqnomai-hamkori-imzo-1080868090.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0a/03/1080910302_29:0:456:320_1920x0_80_0_0_91dcd0cdb7b9a135096755c476d9f3e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, ҳамкорӣ, прокурор, прокурори генералӣ, терроризм, экстремизм
дар тоҷикистон, қирғизистон, ҳамкорӣ, прокурор, прокурори генералӣ, терроризм, экстремизм
Тоҷикистону Қирғизистон мубориза бо терроризму экстремизмро ҳамоҳанг мекунанд
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт ҳамкориҳо бо Қирғизистон бар пояи мустаҳками таърихӣ ва муносибатҳои анъанавии неки ҳамсоягии байни ду кишвар асос ёфтаанд.
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Дар доираи ҷаласаҳои муштараки Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Қазон додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо ҳамтои қирғизаш Малик Бектурганов дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин дидор тарафҳо таъкид карданд, ки ҳамкории дуҷониба бар пояи мустаҳками таърихӣ ва муносибатҳои анъанавии неки ҳамсоягии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон асос ёфтааст.
Тарафҳо ба нақши калидии сарони давлатҳо ду кишвар, дар ҳалли масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, ки ба рушди эътимоди стратегӣ мусоидат мекунад, таъкид карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин омодагии мутақобилаи худро барои тақвияти ин сатҳи баланди эътимоди мутақобила тавассути ҳамкории зич ва самарабахши байни мақомоти прокуратураи ду кишвар тасдиқ карданд.
Ғайр аз ин прокуророни Тоҷикистону Қирғизистон, масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин тақвияти робитаҳои мустақими корӣ барои ҳифзи боэътимоди ҳуқуқҳои шаҳрвандон баррасӣ карданд.
Ҳамзамон дар ҳошияи ҷаласа мулоқоти додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо ҳамтои қазоқаш Берик Асилов низ дидору гуфтугӯ кард.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро, ки тавассути талошҳои муштарак ва иродаи сиёсии сарони давлатҳо ба даст омадаанд, қайд карданд.
Инчунин тарафҳо масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни мақомоти прокуратура, аз ҷумла ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак ва мубодилаи таҷриба барои ҳалли самараноки мушкилоти муосир ва таъмини амниятро мавриди баррасӣ қарор доданд.