https://sputnik.tj/20261003/mishustin-ittihodiyai-iqtisodii-avruosiyo-hamkori-tijori-gustarish-1080910801.html
Мишустин: Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳамкории тиҷориро густариш мекдиҳад
Мишустин: Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳамкории тиҷориро густариш мекдиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Русия боварӣ дорад, ки кишварҳои узви иттиҳод, мехоҳанд, суръати ҳамгироӣ, аз ҷумла ҳамкории саноатиро тақвият диҳанд
2026-10-03T12:32+0500
2026-10-03T12:32+0500
2026-10-03T12:32+0500
русия
ииао
ҳамкорӣ
иқтисод
тиҷорат
михаил мишустин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0b/1073726321_0:195:3080:1928_1920x0_80_0_0_e91e78369f3329c470dbca7485d8a179.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба густариши шарикии тиҷоратӣ уҳдадоранд.Сарвазири Русия Михаил Мишустин инро дар мулоқот бо президенти Беларус Александр Лукашенко зимни сафари кории ҳайати Русия ба Минск эълон кард.Вай хотиррасон шуд, ки иттиҳод механизми дастгирии ҳамкории саноатиро бо истифода аз маблағҳои буҷавии Иттиҳодия дорад."Ҳашт лоиҳа аллакай бо истифода аз ин механизм амалӣ карда мешаванд. Мо интизорем, ки шумораи онҳо афзоиш ёбад, аз ҷумла аз сабаби он ки мо чунин кӯмакро барои корхонаҳои комплекси агросаноатӣ дастрас кардем. Мо кӯшишҳои худро ба муайян ва такмили ҳамаҷонибаи лоиҳаҳо равона хоҳем кард", - гуфт Мишустин.Сарвазири Русия инчунин дар бораи пешрафти ҳамкориҳо байни кишварҳои узви ИИАО таъкид кард.Ба гуфтаи вай, корҳо барои нигоҳ доштани суръати ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё ва ҷустуҷӯи созишҳо ва равишҳои қобили қабул идома доранд.Мишустин таъкид кард, ки чунин ҳамкории наздик шарти зарурии рушди кишварҳои ИИАО ва беҳтар кардани сифати зиндагии шаҳрвандони онҳост.Хулоса, муколамаи Лукашенко бо роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви иттиҳод рӯзи ҷумъа дар Қасри Истиқлолият дар доираи ҷаласаи роҳбарони ҳайатҳои Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё баргузор шуд.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
https://sputnik.tj/20260930/pokiston-muzokirot-tasis-mintaqa-ozod-tijori-iiao-oghoz-1080809179.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0b/1073726321_129:0:2860:2048_1920x0_80_0_0_9b4c43292c3b7d4e4f76dca6ce354ac8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ииао, ҳамкорӣ, иқтисод, тиҷорат, михаил мишустин
русия, ииао, ҳамкорӣ, иқтисод, тиҷорат, михаил мишустин
Мишустин: Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳамкории тиҷориро густариш мекдиҳад
Сарвазири Русия боварӣ дорад, ки кишварҳои узви иттиҳод, мехоҳанд, суръати ҳамгироӣ, аз ҷумла ҳамкории саноатиро тақвият диҳанд
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба густариши шарикии тиҷоратӣ уҳдадоранд.
Сарвазири Русия Михаил Мишустин инро дар мулоқот бо президенти Беларус Александр Лукашенко зимни сафари кории ҳайати Русия ба Минск эълон кард.
Вай хотиррасон шуд, ки иттиҳод механизми дастгирии ҳамкории саноатиро бо истифода аз маблағҳои буҷавии Иттиҳодия дорад.
"Ҳашт лоиҳа аллакай бо истифода аз ин механизм амалӣ карда мешаванд. Мо интизорем, ки шумораи онҳо афзоиш ёбад, аз ҷумла аз сабаби он ки мо чунин кӯмакро барои корхонаҳои комплекси агросаноатӣ дастрас кардем. Мо кӯшишҳои худро ба муайян ва такмили ҳамаҷонибаи лоиҳаҳо равона хоҳем кард", - гуфт Мишустин.
Сарвазири Русия инчунин дар бораи пешрафти ҳамкориҳо байни кишварҳои узви ИИАО таъкид кард.
Ба гуфтаи вай, корҳо барои нигоҳ доштани суръати ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё ва ҷустуҷӯи созишҳо ва равишҳои қобили қабул идома доранд.
Мишустин таъкид кард, ки чунин ҳамкории наздик шарти зарурии рушди кишварҳои ИИАО ва беҳтар кардани сифати зиндагии шаҳрвандони онҳост.
Хулоса, муколамаи Лукашенко бо роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви иттиҳод рӯзи ҷумъа дар Қасри Истиқлолият дар доираи ҷаласаи роҳбарони ҳайатҳои Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.