https://sputnik.tj/20261003/afzoishi-taboduli-kolo-miyoni-tojikiston-qazoqiston-1080910967.html
Афзоиши 25 дарсадии табодули коло миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Афзоиши 25 дарсадии табодули коло миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
Тиҷорат миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар зарфи шаш моҳи соли равон 25% афзоиш ёфтааст
2026-10-03T13:36+0500
2026-10-03T13:36+0500
2026-10-03T13:36+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
ҳамкорӣ
тиҷорат
табодули мол
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/14/1076965423_0:314:2990:1996_1920x0_80_0_0_324b72671bf4a95fef448707d98285d6.jpg
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Табодули колои Қазоқистон бо Тоҷикистон аз моҳи январ то июли соли 2026 ба 854,70 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 683,77 миллион доллар дар 25% афзоиш ёфтааст.Дар ин бора Бюрои миллии омори Қазоқистон дар гуориши ахири худ хабар додааст.Саҳми Тоҷикистон дар гардиши умумии тиҷорати хориҷии Қазоқистон дар моҳҳои январ-июли соли 2026 аз 0,9% дар соли гузашта то 1,0% афзоиш ёфтааст.Содироти Қазоқистон ба Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли 2026 ба 788 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,9% афзоиш ёфтааст.Саҳми Тоҷикистон дар содироти умумии Қазоқистон аз 1,4% дар соли гузашта то 1,5% зиёд шуда, 0,1 банди фоизӣ афзоиш ёфтааст.Дар айни замон, воридоти Қазоқистон аз Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта 1,1% коҳиш ёфтаааст.Имсол Қазоқистон аз Тоҷикистон ба 66,63 миллион доллар маҳсулот ворид кардааст, ки дар қиёс ба моҳи январ-июли соли гузашта ин нишондиҳанда 67,39 миллион долларро ташкил медод.Саҳми Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии воридоти Қазоқистон дар сатҳи 0,2% боқӣ мондааст.Дар моҳҳои январ-июли соли 2026 гардиши тиҷоратии Қазоқистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 23,05 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,4% афзоиш ёфтааст.Содирот ба кишварҳои ИДМ ба 10,2% афзоиш ёфта, ба 9,53 миллиард доллар расид, дар ҳоле ки воридот 10,8% афзоиш ёфта, ба 13,54 миллиард доллар расид.
https://sputnik.tj/20260529/tojikiston-kharidi-ghalla-qazoqiston-afzoish-1077916677.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/14/1076965423_202:0:2931:2047_1920x0_80_0_0_7d489175ea57a9bd3cdd559e85f727c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қазоқистон, ҳамкорӣ, тиҷорат, табодули мол, иқтисод
дар тоҷикистон, қазоқистон, ҳамкорӣ, тиҷорат, табодули мол, иқтисод
Афзоиши 25 дарсадии табодули коло миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Тамоюли афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар зарфи шаш моҳи соли равон ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 3 окт - Sputnik. Табодули колои Қазоқистон бо Тоҷикистон аз моҳи январ то июли соли 2026 ба 854,70 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 683,77 миллион доллар дар 25% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Бюрои миллии омори Қазоқистон дар гуориши ахири худ хабар додааст.
Саҳми Тоҷикистон дар гардиши умумии тиҷорати хориҷии Қазоқистон дар моҳҳои январ-июли соли 2026 аз 0,9% дар соли гузашта то 1,0% афзоиш ёфтааст.
Содироти Қазоқистон ба Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июли соли 2026 ба 788 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,9% афзоиш ёфтааст.
Саҳми Тоҷикистон дар содироти умумии Қазоқистон аз 1,4% дар соли гузашта то 1,5% зиёд шуда, 0,1 банди фоизӣ афзоиш ёфтааст.
Дар айни замон, воридоти Қазоқистон аз Тоҷикистон дар муқоиса бо соли гузашта 1,1% коҳиш ёфтаааст.
Имсол Қазоқистон аз Тоҷикистон ба 66,63 миллион доллар маҳсулот ворид кардааст, ки дар қиёс ба моҳи январ-июли соли гузашта ин нишондиҳанда 67,39 миллион долларро ташкил медод.
Саҳми Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии воридоти Қазоқистон дар сатҳи 0,2% боқӣ мондааст.
Дар моҳҳои январ-июли соли 2026 гардиши тиҷоратии Қазоқистон бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 23,05 миллиард доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,4% афзоиш ёфтааст.
Содирот ба кишварҳои ИДМ ба 10,2% афзоиш ёфта, ба 9,53 миллиард доллар расид, дар ҳоле ки воридот 10,8% афзоиш ёфта, ба 13,54 миллиард доллар расид.