https://sputnik.tj/20261002/vazorati-difo-davati-tiramohi-ruzi-avval-1080900476.html
Вазорати дифоъ аз иҷрои 55% даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал хабар дод
Вазорати дифоъ аз иҷрои 55% даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Тоҷикистон таъкид кард, ки 20 шаҳру ноҳияҳои кишвар нақшаи пешбинигардидаи даъвати навбатиро дар рӯзи аввал пурра ва дар сатҳи баланд ба иҷро расонидаанд
2026-10-02T18:46+0500
2026-10-02T18:46+0500
2026-10-02T18:46+0500
дар тоҷикистон
артиш
даъвати тирамоҳӣ
вмкб
вазорати дифоъи тоҷикистон
сарбоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/1d/1073385524_20:0:1033:570_1920x0_80_0_0_eee2166f449b44f8cc2eb42df8991f89.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт - Sputnik. Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ки тибқи фармони раисҷумҳури кишвар аз санаи 1 - уми окябри соли 2026 оғоз шуд оғоз гардид, аллакай 55% иҷро шуд.Дар ин бора вазорати дифои Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ хабар додааст.“Натиҷаи рӯзи аввали даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 55 фоизро ташкил дода, дар нахустин рӯз комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд”, - қайд кардааст манбаъ.Таъкид карда шуд, ки дар як рӯзи сипаригардидаи чорабиниҳои даъватӣ иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон – 76%, вилояти Суғд – 13%, Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 64% ва шаҳри Душанбе – 63%-ро ташкил дод.Вазорати дифоъ илова кардааст, ки беш аз 20 шаҳру ноҳияҳои кишвар нақшаи пешбинигардидаи даъвати навбатиро дар рӯзи аввал пурра ва дар сатҳи баланд ба иҷро расонидаанд.Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон расман аз 1-уми октябри соли 2026 оғоз гардид ва тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири моҳи ноябр идома хоҳад кард. Дар ин мавсим ҷавонони шаҳрванди синни 18 то 27-сола (соли таваллудашон 1999–2008) ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мешаванд.Барои ҷавононе, ки намехоҳанд хизмати ҳатмии дусоларо адо кунанд, имконияти хизмати алтернативии пулакӣ (дар давоми 1 моҳ) мавҷуд аст. Арзиши ин хизмат дар айни замон 58 ҳазору 500 сомонӣмуқаррар шудааст.
https://sputnik.tj/20261001/---------------1080851793.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/1d/1073385524_220:0:980:570_1920x0_80_0_0_fbab111bf2d692cc5bbe4c39832ae978.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, артиш, даъвати тирамоҳӣ, вмкб, вазорати дифоъи тоҷикистон, сарбоз
дар тоҷикистон, артиш, даъвати тирамоҳӣ, вмкб, вазорати дифоъи тоҷикистон, сарбоз
Вазорати дифоъ аз иҷрои 55% даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал хабар дод
Вазорати дифои Тоҷикистон таъкид кард, ки 20 шаҳру ноҳияҳои кишвар нақшаи пешбинигардидаи даъвати навбатиро дар рӯзи аввал пурра ва дар сатҳи баланд ба иҷро расонидаанд
ДУШАНБЕ, 2 окт - Sputnik. Даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ки тибқи фармони раисҷумҳури кишвар аз санаи 1 - уми окябри соли 2026 оғоз шуд оғоз гардид, аллакай 55% иҷро шуд.
Дар ин бора вазорати дифои Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ хабар додааст.
“Натиҷаи рӯзи аввали даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 55 фоизро ташкил дода, дар нахустин рӯз комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Таъкид карда шуд, ки дар як рӯзи сипаригардидаи чорабиниҳои даъватӣ иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон – 76%, вилояти Суғд – 13%, Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 64% ва шаҳри Душанбе – 63%-ро ташкил дод.
Вазорати дифоъ илова кардааст, ки беш аз 20 шаҳру ноҳияҳои кишвар нақшаи пешбинигардидаи даъвати навбатиро дар рӯзи аввал пурра ва дар сатҳи баланд ба иҷро расонидаанд.
Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон расман аз 1-уми октябри соли 2026 оғоз гардид ва тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири моҳи ноябр идома хоҳад кард. Дар ин мавсим ҷавонони шаҳрванди синни 18 то 27-сола (соли таваллудашон 1999–2008) ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мешаванд.
Барои ҷавононе, ки намехоҳанд хизмати ҳатмии дусоларо адо кунанд, имконияти хизмати алтернативии пулакӣ (дар давоми 1 моҳ) мавҷуд аст. Арзиши ин хизмат дар айни замон 58 ҳазору 500 сомонӣмуқаррар шудааст.