https://sputnik.tj/20261002/tojikiston-dodgohi-baynalmilalii-jinoyati-khorij-1080898827.html
Тоҷикистон аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ хориҷ мешавад
Тоҷикистон аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ хориҷ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи шӯрои Маҷлиси намояндагон, вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тарҳи қарор "Дар хусуси қатъ кардани амали Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ", - ро баррасӣ ва қабул карда шуд
2026-10-02T16:46+0500
2026-10-02T16:46+0500
2026-10-02T16:50+0500
дар тоҷикистон
парлумон
вакилон
ҳуқуқ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/16/1067427658_74:0:1600:859_1920x0_80_0_0_070fa845e5ae9461ea9f9cacb7d35079.jpg
Тоҷикистон аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ хориҷ мешавадДУШАНБЕ, 2 окт - Sputnik. Вакилони парлумони Тоҷикистон ахиран дар ҷаласаи худ лоиҳаи қарори "Дар бораи қатъи амали низомномаи Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ” баррасӣ карда қарори дахлдорро қабул карданд.Дар ин бора хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон Маҷлиси олии Тоҷикистон хабар додааст.Дар сомонаи сомонаи расмии парлумони кишвар гуфта мешавад, ки пас аз баррасии ин ва як қатор ҳуҷҷатҳои дигар "қарорҳои мувофиқ қабул карда шуданд".Қарори мушаххас дар бораи қатъи амали низомномаи Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ мушаххас нашудааст.Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, қарор дар бораи бекор кардани шартномаҳои байналмилалии тасдиқшуда аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул карда мешавад.Тоҷикистон соли 2002 созишномаи ҳамкорӣ бо Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, ки бо номи “Созишномаи Рим” маъруф аст, имзо кардааст, уҳдадор аст, ки амрҳои ин додгоҳро иҷро кунад. Дар сурати хориҷ шудан дигар уҳдадор нахоҳад буд, ки супоришу дархостҳо ва ё амрҳои боздошти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноиро дар қаламрави худ иҷро ё шаҳрвандони дигар кишварҳоро бар асоси ин дархостҳо дастгир кунад.Додгоҳи мазкур ҷиноятҳои мудҳиш, аз ҷумла ҷиноят алайҳи башарият, ба мисли наслкушӣ ва азобу шиканҷа ва қатлу куштору таҷовузро таҳқиқ ва гунаҳкоронашро ба ҷавобгарӣ мекашад.Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар робита ба ин изҳори назар ва ҳоло қатъи узвияти дар Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ вокуниш накардаанд.17 марти соли 2023 Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ барои раҳбари Русия ва Омбудсмени ҳуқуқи кӯдакон Мария Лвова-Белова бо иттиҳоми "ба таври ғайриқонунӣ ихроҷ кардани" кӯдакони украинӣ амрҳои боздошт содир кард.Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия, дар шарҳи ин қарор, қайд кард, ки Маскав салоҳияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятиро эътироф намекунад.
https://sputnik.tj/20260624/rusiya-kishvarhoi-jahon-dodgohi-kayfari-baynalmilali-khorij-1078565791.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/16/1067427658_142:0:1565:1067_1920x0_80_0_0_2d100111abd8805fd3528dfbf9dba431.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, парлумон, вакилон, ҳуқуқ, сиёсат
дар тоҷикистон, парлумон, вакилон, ҳуқуқ, сиёсат
Тоҷикистон аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ хориҷ мешавад
16:46 02.10.2026 (Навсозишуда: 16:50 02.10.2026) Дар ҷаласаи шӯрои Маҷлиси намояндагон, вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тарҳи қарор "Дар хусуси қатъ кардани амали Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ", - ро баррасӣ ва қабул карда шуд
Тоҷикистон аз Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ хориҷ мешавад
ДУШАНБЕ, 2 окт - Sputnik. Вакилони парлумони Тоҷикистон ахиран дар ҷаласаи худ лоиҳаи қарори "Дар бораи қатъи амали низомномаи Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ” баррасӣ карда қарори дахлдорро қабул карданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон Маҷлиси олии Тоҷикистон хабар додааст.
Дар сомонаи сомонаи расмии парлумони кишвар гуфта мешавад, ки пас аз баррасии ин ва як қатор ҳуҷҷатҳои дигар "қарорҳои мувофиқ қабул карда шуданд".
Қарори мушаххас дар бораи қатъи амали низомномаи Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ мушаххас нашудааст.
Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, қарор дар бораи бекор кардани шартномаҳои байналмилалии тасдиқшуда аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул карда мешавад.
Тоҷикистон соли 2002 созишномаи ҳамкорӣ бо Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, ки бо номи “Созишномаи Рим” маъруф аст, имзо кардааст, уҳдадор аст, ки амрҳои ин додгоҳро иҷро кунад. Дар сурати хориҷ шудан дигар уҳдадор нахоҳад буд, ки супоришу дархостҳо ва ё амрҳои боздошти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноиро дар қаламрави худ иҷро ё шаҳрвандони дигар кишварҳоро бар асоси ин дархостҳо дастгир кунад.
Додгоҳи мазкур ҷиноятҳои мудҳиш, аз ҷумла ҷиноят алайҳи башарият, ба мисли наслкушӣ ва азобу шиканҷа ва қатлу куштору таҷовузро таҳқиқ ва гунаҳкоронашро ба ҷавобгарӣ мекашад.
Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол дар робита ба ин изҳори назар ва ҳоло қатъи узвияти дар Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ вокуниш накардаанд.
17 марти соли 2023 Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ барои раҳбари Русия ва Омбудсмени ҳуқуқи кӯдакон Мария Лвова-Белова бо иттиҳоми "ба таври ғайриқонунӣ ихроҷ кардани" кӯдакони украинӣ амрҳои боздошт содир кард.
Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия, дар шарҳи ин қарор, қайд кард, ки Маскав салоҳияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятиро эътироф намекунад.