Мишустин: Давлати Иттиҳод ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё намунаи ҳамгироӣ аст

© Sputnik / Кирилл Зыков / Гузариш ба медиабонкПредседатель правительства РФ Михаил Мишустин на пленарной сессии в рамках выставки "Иннопром. Беларусь" в Минске.
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин на пленарной сессии в рамках выставки Иннопром. Беларусь в Минске.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2026
Обуна шудан
Сарвазири Русия бар он аст, ки давлати Иттиҳод ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аллакай ба як созмони намунавӣ табдил ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 2 окт - Sputnik. Ду формати аллакай амалишуда - Давлати Иттиҳодии Русия ва Беларус ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё - намунаҳои муваффақи ҳамгироӣ мебошад.
Дар ин бора ахиран сарвазири Русия Михаил Мишустин дар форуми Иннопром таъкид кард.
"Давлати Иттиҳод ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аллакай ба намунаи бунёди равандҳои ҳамгироӣ табдил ёфтаанд. Аз ҷумла дар соҳаи ҳамкории саноатӣ ва мубодилаи мутақобилан судманди технология", - таъкид кард вай.
Мишустин илова кард, ки набояд танҳо ба дастовардҳои худ такя кард, балки бояд ғояҳои навро амалӣ кард ва рушди инноватсионии иқтисодиёти миллиро бо истифода аз қувваҳои якдигар таъмин намоем", - таъкид кард Мишустин.
Сарвазири Русия итминон дорад, ки Форуми Иннопром ба ин ҳаракат такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Раиси Кабинет ба ҳамаи иштирокчиёни он муваффақият орзу кард.
Андрей Слепнев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2026
Слепнев: Модели иқтисодии ИИАО пояи устувор дорад
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ буда, тибқи Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсис ёфтааст.
Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.
Аъзоёни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд. Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон имконияти пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0