Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Комиссари Аврупо изҳор дошт, ки Украина дар соли 2027 узви ИА нахоҳад шуд

© AP / Virginia MayoФлаги Европейского союза перед штаб-квартирой ЕС в Брюсселе.
Флаги Европейского союза перед штаб-квартирой ЕС в Брюсселе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2026
Обуна шудан
Комиссари Аврупо Кос эълон кард, ки Украина наметавонад санаи 1 январи соли 2027 узви Иттиҳодияи Аврупо шавад
ДУШАНБЕ, 2 окт - Sputnik. Космисари Аврупо дар умури васеъшавӣ Марта Кос изҳор дошт, ки Украина наметавонад 1 январи соли 2027 ба Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳ шавад; дар ин раванд ягон тахфиф ё имтиёз вуҷуд надорад.
"Санаи 1 январи соли 2027 аз ҷониби Президент (Владимир) Зеленский муқаррар шудааст. Узвият бар асоси принсипи шоистагӣ сурат мегирад: маълум аст, ки ин сана ғайриимкон аст", - гуфт Кос дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Corriere della Sera".
Ба гуфтаи вай, Киев ва дигар кишварҳо вуруди Украинаро ба Иттиҳоди Аврупо ҳамчун кафолати амният мешуморанд. Вай қайд кард, ки низоъ дар Украина сиёсати куллии Аврупоро тағйир додааст.
"Яке аз оқибатҳо ин аст, ки васеъшавӣ бори дигар ба авлавият табдил ёфтааст - на танҳо барои Украина, балки барои дигар (кишварҳо) низ", - изҳор дошт Кос.
Кос таъкид кард, ки дар раванди узвият барои Украина ягон имтиёз нахоҳад буд, аммо ба гуфтаи вай, Иттиҳоди Аврупо бояд вазъияти кишварро ба назар гирад.
Путин: Русия омода аст, ки музокиротро дар бораи Украина бо шартҳои мувофиқ оғоз намояд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Русия омода аст, ки музокиротро дар бораи Украина бо шартҳои мувофиқ оғоз намояд
"Дар раванди узвият ягон имтиёз ё тахфиф вуҷуд надорад, аммо мо бояд дар хотир дошта бошем, ки Украина барои зинда мондан ҷанг мекунад ва аз ин рӯ, вазифаи мост, ки ба он кумак кунем", - гуфт вай ва изҳори умедворӣ кард, ки то охири сол ҳарчи бештар нуқтаҳои гуфтушунид бо Украина кушода мешаванд.
Қаблан, Euractiv хабар дода буд, ки Украина ислоҳоти заруриро барои узвият ба ИА нисбат ба бисёре аз кишварҳои ИА сусттар амалӣ мекунад. Владимир Зеленский қаблан талаб карда буд, ки ИА Украинаро дар соли 2027 қабул мекунад. Дар айни замон, роҳбарони аврупоӣ борҳо ба номувофиқатии қонунгузории Украина бо стандартҳои аврупоӣ ишора карда, изҳор доштанд, ки ислоҳоти ҳамаҷониба шарти зарурии баррасии узвияти Украина аст.
Лентаи хабарҳо
0