https://sputnik.tj/20261002/khusnullin-tijorat-rusiyavu-tojikiston-zaminaho-1080879879.html
Хуснуллин: барои рушди 2,5 баробарии тиҷорат байни Русияву Тоҷикистон заминаҳо фароҳаманд
Хуснуллин: барои рушди 2,5 баробарии тиҷорат байни Русияву Тоҷикистон заминаҳо фароҳаманд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сарвазири Русия гуфт, ки гардиши тиҷорати мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон метавонад то соли 2030 2,5 баробар афзоиш ёбад
2026-10-02T09:36+0500
2026-10-02T09:36+0500
2026-10-02T09:36+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
иқтисод
тиҷорат
табодули мол
хуснуллин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/11/1080507550_0:211:3072:1939_1920x0_80_0_0_24b34570e0aba303b848d70b1ee0160a.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт - Sputnik. Ҳамаи заминаҳо барои афзоиши 2,5 баробарии ҳаҷми тиҷорат байни Русия ва Тоҷикистон мавҷуданд.Муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин дар ин бора зимни музокирот бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Душанбе изҳор дошт.Ин мулоқот пеш аз ҷаласаи 22-юми Комиссияи байниҳукуматии Русия ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд.Хуснуллин таъкид кард, ки ба ин нишондиҳанда метавон то соли 2030 расид ва мақомоти ду кишвар бояд барои ин ҳадаф талош кунанд."Мо дар гардиши мол пешрафтҳои хубе дорем. Ба шумо хотиррасон мекунам, ки ҳадафи мо афзоиши [ҳаҷми] он то соли 2030 2,5 баробар аст, аз ин рӯ мо бояд боз ҳам бештар кор кунем. Мо барои ин ҳама заминаҳоро дорем", - гуфт ӯ.Хуснуллин инчунин қайд кард, ки Маскав ва Душанбе ҳисоббаробаркуниҳои хуби мутақобила ба роҳ мондаанд.Вай афзуд, ки ҳамаи масъалаҳои баррасишуда ҳал карда мешаванд - ё аллакай ҳал шудаанд.Ғайр аз ин, сохтмони мактаб (марказ барои кӯдакони болаёқат) ва театри Маяковский дар Душанбе бо дастгирии Русия идома дорад.Муовини сарвазир таъкид кард, ки дар ҳайати Русия ба ҷаласаи Душанбе ҳамчунин намояндагони шаҳри Маскав низ омадаанд.Вай қайд кард, ки саволҳо дар бораи "Шаҳрҳои интеллектуалӣ", зеҳни сунъӣ ва амнияти киберӣ мавҷуданд ва афзуд, ки ҳамкорони руси ӯ дар ин самт пешрафтҳои назаррасе ба даст овардаанд, ки ин барои ҳамкорӣ муфид хоҳад буд.Дар хотима, Хуснуллин изҳори умедворӣ кард, ки ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ дар Душанбе барои рушди ҳарду кишвар ва беҳтар кардани зиндагии мардум натиҷаи хуб хоҳад дод.
https://sputnik.tj/20261001/rusiya-tojikiston-kitobi-darsii-zaboni-rusi-tuhfa-1080872970.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/11/1080507550_273:0:3004:2048_1920x0_80_0_0_5950eac0578d2973405941181f5b1934.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, иқтисод, тиҷорат, табодули мол, хуснуллин
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, иқтисод, тиҷорат, табодули мол, хуснуллин
Хуснуллин: барои рушди 2,5 баробарии тиҷорат байни Русияву Тоҷикистон заминаҳо фароҳаманд
Муовини сарвазири Русия гуфт, ки гардиши тиҷорати мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон метавонад то соли 2030 2,5 баробар афзоиш ёбад
ДУШАНБЕ, 2 окт - Sputnik. Ҳамаи заминаҳо барои афзоиши 2,5 баробарии ҳаҷми тиҷорат байни Русия ва Тоҷикистон мавҷуданд.
Муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин дар ин бора зимни музокирот бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Душанбе изҳор дошт.
Ин мулоқот пеш аз ҷаласаи 22-юми Комиссияи байниҳукуматии Русия ва Тоҷикистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд.
Хуснуллин таъкид кард, ки ба ин нишондиҳанда метавон то соли 2030 расид ва мақомоти ду кишвар бояд барои ин ҳадаф талош кунанд.
"Мо дар гардиши мол пешрафтҳои хубе дорем. Ба шумо хотиррасон мекунам, ки ҳадафи мо афзоиши [ҳаҷми] он то соли 2030 2,5 баробар аст, аз ин рӯ мо бояд боз ҳам бештар кор кунем. Мо барои ин ҳама заминаҳоро дорем", - гуфт ӯ.
Хуснуллин инчунин қайд кард, ки Маскав ва Душанбе ҳисоббаробаркуниҳои хуби мутақобила ба роҳ мондаанд.
Вай афзуд, ки ҳамаи масъалаҳои баррасишуда ҳал карда мешаванд - ё аллакай ҳал шудаанд.
Ғайр аз ин, сохтмони мактаб (марказ барои кӯдакони болаёқат) ва театри Маяковский дар Душанбе бо дастгирии Русия идома дорад.
Муовини сарвазир таъкид кард, ки дар ҳайати Русия ба ҷаласаи Душанбе ҳамчунин намояндагони шаҳри Маскав низ омадаанд.
Вай қайд кард, ки саволҳо дар бораи "Шаҳрҳои интеллектуалӣ", зеҳни сунъӣ ва амнияти киберӣ мавҷуданд ва афзуд, ки ҳамкорони руси ӯ дар ин самт пешрафтҳои назаррасе ба даст овардаанд, ки ин барои ҳамкорӣ муфид хоҳад буд.
Дар хотима, Хуснуллин изҳори умедворӣ кард, ки ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ дар Душанбе барои рушди ҳарду кишвар ва беҳтар кардани зиндагии мардум натиҷаи хуб хоҳад дод.