https://sputnik.tj/20260929/maqomot-pardokhti-nafaqa-yordampuli-masraf-1080783858.html
Мақомот дар ҳашт моҳ барои пардохти нафақаву ёрдампулӣ беш аз 3,3 млрд сомонӣ масраф кард
Мақомот дар ҳашт моҳ барои пардохти нафақаву ёрдампулӣ беш аз 3,3 млрд сомонӣ масраф кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки то якуми сентябри соли равон шумораи нафақахӯрон дар тоҷикистон ба 891 ҳазор нафар расид
2026-09-29T10:41+0500
2026-09-29T10:41+0500
2026-09-29T11:08+0500
дар тоҷикистон
нафақа
иҷтимоъ
мақомот
пардохт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833255_0:92:3000:1780_1920x0_80_0_0_72472a7070b762630dbae7f0a4ffbb53.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Дар Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли 2026 барои пардохти нафақа ва ёрдампулӣ беш аз 3,3 миллиард сомонӣ равона шудааст.Дар ин бора Агентиии омори Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои Агентӣ, дар моҳҳои январ–август маблағи аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон гузаронидашуда ба “Амонатбонк” 3 миллиарду 574,4 миллион сомонӣро ташкил додааст.Бо дарназардошти бақияи аввали сол ба маблағи 15,5 миллион сомонӣ, ҳаҷми маблағе, ки дар ин давра барои пардохти нафақа ва ёрдампулӣ истифода шудааст, ба 3 миллиарду 357,7 миллион сомонӣ расидааст.Қайд карда шудааст, ки то 1 сентябри соли 2026 шумораи нафақахӯрон дар кишвар 891 ҳазору 396 нафар-ро ташкил додааст.Чанде пеш мақомоти Тоҷикистон хабар дода буд, ки Агар соли 1991 шумораи нафақагирон дар Тоҷикистон беш аз 572 ҳазор нафарро ташкил медод, то 1 августи соли 2026 шумораи нафақагирон ба 886 ҳазору 164 нафар расид, яъне 53% зиёд шудааст.Омили зиёдшавии нафақагирон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба иттилои мақомот ин афзоиши босуръати аҳолӣ ва дарозумрии инсонҳо будааст.Ёдовар мешавем, ки ахиран Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури кишвар эълон кард, ки аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад, киин нишондод дар аввали солҳои 1990 ду баробар зиёд аст.Тибқи омор, дар соли 1992 шумораи аҳолии кишвар беш аз 5,6 миллион нафарро ташкил медод, ки аз 10 миллион дар соли 2023 зиёдтар буд.Тибқи маълумоти Агентии омор, вилояти Хатлон аз рӯи шумораи аҳолӣ дар ҷойи аввал қарор дошта, то 1-уми июли соли равон дар ин минтақа 3 миллиону 919,2 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд.Вилояти Суғд бо 3 миллиону 35,8 ҳазор нафар дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 миллиону 325,1 ҳазор нафар, дар шаҳри Душанбе 1 миллиону 300,8 ҳазор нафар ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 236,8 ҳазор нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/59514
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/02/1031833255_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_488c469edde40db14732c50a3d282a65.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нафақа, иҷтимоъ, мақомот, пардохт
дар тоҷикистон, нафақа, иҷтимоъ, мақомот, пардохт
Мақомот дар ҳашт моҳ барои пардохти нафақаву ёрдампулӣ беш аз 3,3 млрд сомонӣ масраф кард
10:41 29.09.2026 (Навсозишуда: 11:08 29.09.2026) Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки то якуми сентябри соли равон шумораи нафақахӯрон дар тоҷикистон ба 891 ҳазор нафар расид
ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Дар Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли 2026 барои пардохти нафақа ва ёрдампулӣ беш аз 3,3 миллиард сомонӣ равона шудааст.
Дар ин бора Агентиии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ, дар моҳҳои январ–август маблағи аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон гузаронидашуда ба “Амонатбонк” 3 миллиарду 574,4 миллион сомонӣро ташкил додааст.
Бо дарназардошти бақияи аввали сол ба маблағи 15,5 миллион сомонӣ, ҳаҷми маблағе, ки дар ин давра барои пардохти нафақа ва ёрдампулӣ истифода шудааст, ба 3 миллиарду 357,7 миллион сомонӣ расидааст.
Қайд карда шудааст, ки то 1 сентябри соли 2026 шумораи нафақахӯрон дар кишвар 891 ҳазору 396 нафар-ро ташкил додааст.
Чанде пеш мақомоти Тоҷикистон хабар дода буд, ки Агар соли 1991 шумораи нафақагирон дар Тоҷикистон беш аз 572 ҳазор нафарро ташкил медод, то 1 августи соли 2026 шумораи нафақагирон ба 886 ҳазору 164 нафар расид, яъне 53% зиёд шудааст.
Омили зиёдшавии нафақагирон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба иттилои мақомот ин афзоиши босуръати аҳолӣ ва дарозумрии инсонҳо будааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури кишвар эълон кард, ки аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад, киин нишондод дар аввали солҳои 1990 ду баробар зиёд аст.
Тибқи омор, дар соли 1992 шумораи аҳолии кишвар беш аз 5,6 миллион нафарро ташкил медод, ки аз 10 миллион дар соли 2023 зиёдтар буд.
Тибқи маълумоти Агентии омор, вилояти Хатлон аз рӯи шумораи аҳолӣ дар ҷойи аввал қарор дошта, то 1-уми июли соли равон дар ин минтақа 3 миллиону 919,2 ҳазор нафар зиндагӣ мекарданд.
Вилояти Суғд бо 3 миллиону 35,8 ҳазор нафар дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 миллиону 325,1 ҳазор нафар, дар шаҳри Душанбе 1 миллиону 300,8 ҳазор нафар ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 236,8 ҳазор нафар аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст.