“Андозро супору осуда бихоб”: амалиёти вижаи БДА

© Sputnik / Амир ИсаевСотрудники ГАИ.
Сотрудники ГАИ.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.09.2026
Обуна шудан
Бино бар иттилои БДА, молиёти худравҳо вобаста ба қудрати муҳаррики онҳо, ки бо “қувваи асп” санҷида мешавад, то 350 “қувваи асп” 15 сомониву 60 дирам ва беш аз он 23 сомонӣ муҳосиба мешавад
Душанбе, 29 сент — Sputnik. Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон як амалиёти вижа бо номи шартиро барои ронандагон роҳандозӣ кардааст.
Зоҳиран фирори ронандагон аз пардохти андоз, ин ниҳоди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистонро нигарон кардааст.
Бино бар иттилооте, ки аз Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон дар ихтиёри Спутник Тоҷикистон қарор гирифта, ин ниҳод мутобиқи барномаи иқдомоти ҳадафманд бо номи шартии “Назорат”, аз 25 сентябр то 5 октябри 2026 амалиёти "Муоинаи фаннӣ"-ро роҳандозӣ кардааст.
“Ҳайати шахсии хадамоти БДА масъулияти ин корзорро барои шиносоӣ ва ҷилавгирӣ аз мавориди истифода аз васоити нақлияе, ки дар муҳлатҳои таъйиншуда муоинаи фаннии давлатиро сипарӣ накардаанд, ба уҳда хоҳанд дошт,” - гуфт манбаъ.
Бино бар таҳлилҳои ин ниҳод аз вазъияти мавҷуд, дар ҳашт моҳу 22 рӯзи соли 2026 дар саросари ҷумҳурӣ танҳо 66,5 дарсади васоити нақлия ба муоинаи иҷбории фаннии давлатӣ ҷалб шудаанд.
“Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди иттихози тадобири лозим, мизони ҷалби васоити нақлия ба муоинаи иҷбории фаннии давлатӣ ва беҳбуди вазъияти онҳо дар ин замина, посухгӯи талабот нест,” - гуфт манбаъ.
Бино бар ин, чунин иқдоме бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз садамаҳои марбут ба нуқси фаннӣ, ҷалби комили васоити нақлия ба муоинаи фаннии давлатӣ, беҳбуди вазъияти фаннии онҳо, ҷамъоварии маблағи таъйиншудаи молиёт аз моликони васоити нақлия ва ҳамчунин ҷамъоварии ҳазинаи нобудсозӣ (утилизатсия)-и васоити нақлияи моторӣ, ба мавқеъ ва зарурӣ дониста мешавад.
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд, шароити рафтуомади шаҳрвандон ва нақлиётро беҳтар кунанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.09.2026
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд, шароити рафтуомади шаҳрвандон ва нақлиётро беҳтар кунанд.
Бино бар иттилои БДА, молиёти худравҳо вобаста ба қудрати муҳаррики онҳо, ки бо “қувваи асп” санҷида мешавад, то 350 “қувваи асп” 15 сомониву 60 дирам ва беш аз он 23 сомонӣ муҳосиба мешавад.
Илова бар ин, барои такмили мароҳили қонунии тараддуди як василаи нақлия, ҳазинаи талон (70 сомонӣ), диагностик (360 сомонӣ), озмоиши газҳои хуруҷӣ (60 сомонӣ), бима (290 сомонӣ), гувоҳии тиббӣ (65 сомонӣ) ва молиёти васоити нақлия (675 сомонӣ) низ афзуда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0