https://sputnik.tj/20260928/tramp-zelenskiy-guft-shiddati-hamlaho-ba-korkhonahoi-poloishi-nafti-rusiyaro-kohish-medihad-1080773075.html
Трамп: Зеленский гуфт шиддати ҳамлаҳо ба корхонаҳои полоиши нафти Русияро коҳиш медиҳад
Трамп: Зеленский гуфт шиддати ҳамлаҳо ба корхонаҳои полоиши нафти Русияро коҳиш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари режими Киев ба Трамп гуфтааст, ки ӯ омода аст шиддати ҳамлаҳоро ба корхонаҳои полоиши нафт дар Русия коҳиш диҳад 28.09.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-09-28T15:33+0500
2026-09-28T15:33+0500
2026-09-28T15:33+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
владимир зеленский
доналд трамп
ҳамлаи мушакӣ
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/1c/1080773982_0:313:3000:2001_1920x0_80_0_0_68897f3a7a76596a5c0acd9497e1d49f.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Владимир Зеленский дар сӯҳбат бо президенти ИМА Доналд Трамп имкони коҳишии шиддати ҳамлаҳо ба корхонаҳои полоиши нафти Русияро матраҳ кард."Ман бо президент Зеленский сӯҳбат кардам. Ман гуфтам: "Шумо бояд ҳамлаҳоро ба корхонаҳои полоиши нафт коҳиш диҳед", - гуфт Трамп дар мусоҳиба бо Fox.Вақте ки аз хабарнигор пурсиданд, ки посухи Зеленский чӣ буд, президенти ИМА посух дод: "Ӯ гуфт: "Хуб, ман фикр мекунам, ки мо ҳамин тавр мекунем."Трамп қаблан изҳор карда буд, ки низои Украина боиси болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ дар ИМА шудааст. 14 сентябр ӯ иддао кард, ки Киев розӣ шудааст, ки ба иншооти энергетикии Русия зарба назанад.Президенти Русия Владимир Путин қаблан изҳор карда буд, ки таъмири корхонаҳои полоиши нафт дар Русия хеле зуд идома дорад. Ӯ инчунин қайд кард, ки вокуниши Русия ба ҳамлаҳои Украина "барои онҳое, ки “ҷаъбаи пандорра”-ро боз карданд, хеле муҳим буд". Ба гуфтаи раҳбари Русия, Киев бо анҷом додани ҳамлаҳо ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар Русия чораҳои ҷавобӣ андешид.Маскав борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар Украина ҳамла намекунад. Чунон ки котиби матбуотии раҳбари Русия Дмитрий Песков қайд кард, нерӯҳои Русия танҳо ба ҳадафҳои низомӣ ва нимҳарбӣ ҳамла мекунанд.
https://sputnik.tj/20260927/rizhenkov-ia-justuju-sulh-ukraina-nest-1080751668.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/1c/1080773982_166:0:2834:2001_1920x0_80_0_0_2795f265440415702a0b9b0f344245b8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, владимир зеленский, доналд трамп, ҳамлаи мушакӣ, амният ва мудофиа
украина, владимир зеленский, доналд трамп, ҳамлаи мушакӣ, амният ва мудофиа
Трамп: Зеленский гуфт шиддати ҳамлаҳо ба корхонаҳои полоиши нафти Русияро коҳиш медиҳад
Раҳбари режими Киев ба Трамп гуфтааст, ки ӯ омода аст шиддати ҳамлаҳоро ба корхонаҳои полоиши нафт дар Русия коҳиш диҳад
ДУШАНБЕ, 28 сен - Sputnik. Владимир Зеленский дар сӯҳбат бо президенти ИМА Доналд Трамп имкони коҳишии шиддати ҳамлаҳо ба корхонаҳои полоиши нафти Русияро матраҳ кард.
"Ман бо президент Зеленский сӯҳбат кардам. Ман гуфтам: "Шумо бояд ҳамлаҳоро ба корхонаҳои полоиши нафт коҳиш диҳед", - гуфт Трамп дар мусоҳиба бо Fox.
Вақте ки аз хабарнигор пурсиданд, ки посухи Зеленский чӣ буд, президенти ИМА посух дод: "Ӯ гуфт: "Хуб, ман фикр мекунам, ки мо ҳамин тавр мекунем."
Трамп қаблан изҳор карда буд, ки низои Украина боиси болоравии нархи сӯзишвории дизелӣ дар ИМА шудааст. 14 сентябр ӯ иддао кард, ки Киев розӣ шудааст, ки ба иншооти энергетикии Русия зарба назанад.
Президенти Русия Владимир Путин қаблан изҳор карда буд, ки таъмири корхонаҳои полоиши нафт дар Русия хеле зуд идома дорад. Ӯ инчунин қайд кард, ки вокуниши Русия ба ҳамлаҳои Украина "барои онҳое, ки “ҷаъбаи пандорра”-ро боз карданд, хеле муҳим буд". Ба гуфтаи раҳбари Русия, Киев бо анҷом додани ҳамлаҳо ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар Русия чораҳои ҷавобӣ андешид.
Маскав борҳо таъкид кардааст, ки Русия ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар Украина ҳамла намекунад. Чунон ки котиби матбуотии раҳбари Русия Дмитрий Песков қайд кард, нерӯҳои Русия танҳо ба ҳадафҳои низомӣ ва нимҳарбӣ ҳамла мекунанд.