https://sputnik.tj/20260927/dushanbe-boku-tasisi-doloni-sabzi-raqami-osiyo-avrupo-1080744069.html
Душанбе ба Боку таъсиси долони сабзи рақамӣ аз Осиё то Аврупо пешниҳод кард
Душанбе ба Боку таъсиси долони сабзи рақамӣ аз Осиё то Аврупо пешниҳод кард
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон пешниҳод кард, ки Тоҷикистону Озарбойҷон метавонанд якҷо як долони рақамии сабзро аз Осиё то Аврупо эҷод кунанд
2026-09-27T10:28+0500
2026-09-27T10:28+0500
2026-09-27T10:28+0500
дар тоҷикистон
озарбойҷон
ҳамкорӣ
саноат
тиҷорат
нақлиёт
транзит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/1a/1080743890_0:196:720:601_1920x0_80_0_0_f3b1a920cffd9cce579e4e687c919210.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Азиз Назар, зимни суханронӣ дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон (AIIF 2026) дар Боку гуфт, ки айни замон Тоҷикистон 98% нерӯи барқи худро аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мекунад, иттилоъ додааст хабаргузории Report."Иқтидори гидроэнергетикии мо аз 527 миллиард кВт/соат дар як сол зиёд аст, ки дар ҷаҳон аз лиҳози иқтидор дар ҷойи ҳаштум аст ва барои се маротиба қонеъ кардани ниёзҳои тамоми Осиёи Марказӣ кофӣ аст. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун (НБО) дар Тоҷикистон бо иқтидори то 3780 МВт имкониятҳои иловагиро барои табдил додани АвруОсиё ба "батареяи сабз" дар давраи зеҳни сунъӣ фароҳам меорад", - гуфт ӯ.Назар қайд кард, ки танҳо соли гузашта ҳукумат бо дастгирии муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, бо сарварии Бонки Ҷаҳонӣ, барои маблағгузории сохтмони НБО Роғун беш аз 3 миллиард долларро равона кардааст.Ба гуфтаи вай, дарёҳо, захираҳои об ва иқлими сарди кӯҳӣ ба Тоҷикистон бартариҳои сохторӣ медиҳанд."Тоҷикистон бо шарикӣ бо СММ муносибати байни об ва зеҳни сунъиро дар рӯзномаи ҷаҳонӣ қарор додааст. Мо медонем, ки оби тоза дар гузариши оянда ба технологияҳои сабз нақши калидӣ дорад. Кӯҳҳои Тоҷикистон манбаи 60% захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд. Ташаббуси Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ барои рушди устувори Осиёи Марказӣ, аз ҷумла таъсиси маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе, якдилона дастгирӣ ёфт”, - гуфт Азиз Назар.Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави кимшвар таъкид кард ки Тоҷикистон Озарбойҷонро шарики табиӣ медонад.Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 29 майи соли 1992 барқарор шуданд.Ба иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, айни замон заминаи шартномавию ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷонро 94 санади ҳамкорӣ дар бар мегирад. Ҳуҷҷати бунёдие, ки самти стратегии муносибатҳои дуҷонибаро муайян мекунад ин Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон инчунин Эъломияи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон мебошад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/61005
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/1a/1080743890_0:119:720:659_1920x0_80_0_0_2b74b95cda33d3ed7a5961891a95fc76.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, озарбойҷон, ҳамкорӣ, саноат, тиҷорат, нақлиёт, транзит
дар тоҷикистон, озарбойҷон, ҳамкорӣ, саноат, тиҷорат, нақлиёт, транзит
Душанбе ба Боку таъсиси долони сабзи рақамӣ аз Осиё то Аврупо пешниҳод кард
Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон пешниҳод кард, ки Тоҷикистону Озарбойҷон метавонанд якҷо як долони рақамии сабзро аз Осиё то Аврупо эҷод кунанд
ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Азиз Назар, зимни суханронӣ дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон (AIIF 2026) дар Боку гуфт, ки айни замон Тоҷикистон 98% нерӯи барқи худро аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мекунад, иттилоъ додааст хабаргузории Report.
"Иқтидори гидроэнергетикии мо аз 527 миллиард кВт/соат дар як сол зиёд аст, ки дар ҷаҳон аз лиҳози иқтидор дар ҷойи ҳаштум аст ва барои се маротиба қонеъ кардани ниёзҳои тамоми Осиёи Марказӣ кофӣ аст. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун (НБО) дар Тоҷикистон бо иқтидори то 3780 МВт имкониятҳои иловагиро барои табдил додани АвруОсиё ба "батареяи сабз" дар давраи зеҳни сунъӣ фароҳам меорад", - гуфт ӯ.
Назар қайд кард, ки танҳо соли гузашта ҳукумат бо дастгирии муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, бо сарварии Бонки Ҷаҳонӣ, барои маблағгузории сохтмони НБО Роғун беш аз 3 миллиард долларро равона кардааст.
Ба гуфтаи вай, дарёҳо, захираҳои об ва иқлими сарди кӯҳӣ ба Тоҷикистон бартариҳои сохторӣ медиҳанд.
"Тоҷикистон бо шарикӣ бо СММ муносибати байни об ва зеҳни сунъиро дар рӯзномаи ҷаҳонӣ қарор додааст. Мо медонем, ки оби тоза дар гузариши оянда ба технологияҳои сабз нақши калидӣ дорад. Кӯҳҳои Тоҷикистон манбаи 60% захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд. Ташаббуси Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ барои рушди устувори Осиёи Марказӣ, аз ҷумла таъсиси маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе, якдилона дастгирӣ ёфт”, - гуфт Азиз Назар.
Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави кимшвар таъкид кард ки Тоҷикистон Озарбойҷонро шарики табиӣ медонад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 29 майи соли 1992 барқарор шуданд.
Ба иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, айни замон заминаи шартномавию ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷонро 94 санади ҳамкорӣ дар бар мегирад. Ҳуҷҷати бунёдие, ки самти стратегии муносибатҳои дуҷонибаро муайян мекунад ин Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон инчунин Эъломияи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон мебошад.