Боз дар низоми энергетикии осиёи марказӣ садама технологӣ ба қайд гирифта шуд

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиЛинии электропередач
Линии электропередач  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2026
Обуна шудан
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз ба қайд гирифтани садамаи технологӣ дар низоми ягонаи энергетикии осиёи марказӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Ба иттилои вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон 25-уми сентябри соли 2026, соати 05:02 дақиқа, дар Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ садамаи технологӣ рух дод.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи қатъ гардидани ҳаҷми муайяни иқтидорҳои истеҳсоли энергияи барқ дар Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ, нотавозунӣ байни ҳаҷми истеҳсол ва истеъмоли энергияи барқ ва тағйироти ногаҳонии ҷараёни иқтидорҳо дар хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ба амал омад.
Вазорат қайд кардааст, ки бо мақсади пешгирии густариши садама ва таъмини устувории фаъолияти низоми энергетикии Тоҷикистон, системаҳои зиддисадамавӣ дар реҷаи муқаррарӣ фаъол гардиданд.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ қайд кард, ки дар натиҷа низоми энергетикии кишвар дар дақиқаҳои башумор барқарор гардида, ба реҷаи муътадили фаъолият баргашт.
Вазорати энергетикаи кишвар қайд кардааст, ки айни замон низоми энергетикии Тоҷикистон дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият дорад.
Тағйирот дар соҳаи энергетика ва пирӯзиҳои калон: моҳи август дар Тоҷикистон чӣ гуна буд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2026
Тағйирот дар соҳаи энергетика ва пирӯзиҳои калон: моҳи август дар Тоҷикистон чӣ гуна буд.
Мутахассисони соҳа дар ҳамкорӣ бо танзимгарони Маркази ҳамоҳангсозӣ- диспетчерии "Энергия" ва низомҳои энергетикии кишварҳои ҳамсоя таҳлили ҷузъиёти садамаи мазкурро, ки берун аз ҳудуди низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омада буд, идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2026 дар Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ду садамаи технологӣ ба қайд гирифта шуд: якумӣ 14 августи соли 2026 ва дуюмӣ 25 сентябри соли 2026.
Дар хати интиқоли барқи 500 кВ-и самти шимол–ҷануби Ҷумҳурии Қазоқистон сарбории зиёд аз меъёри муқарраршуда ба амал омад, ки боиси ба таври автоматикӣ хомӯш шудани хатҳои интиқол гардид.
Ин ҳолат режими кории Низоми ягонаи Осиёи Марказиро халалдор кард.
Лентаи хабарҳо
0