Аз афзоиши таваррум то болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон: Омори ҷадиди мақомот

© Sputnik / Алексей ФилипповАвтозаправка в Москве.
Автозаправка в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2026
Обуна шудан
Болоравии нархи сӯзишворӣ ва сатҳи таваррум дар Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои асосии иқтисодии кишвар ба шумор меравад, ки ба буҷети оилаҳо ва арзиши маҳсулоти ниёзи аввал таъсири мустақим мерасонад
ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik.Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, таваррум дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ-августи соли равон 2,7% -ро ташкил дод.
"Аз аввали соли равон индекси нархҳои истеъмолӣ 2,7%, аз ҷумла 2,6% барои маҳсулоти хӯрокворӣ, 2,3% барои маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ва 3,8% барои хизматрасониҳои пулакӣ афзоиш ёфт", - иттилоъ додааст Агентии омор.
Болоравии назарраси нархҳо барои сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ба ҳисоби миёна 28,7% ба қайд гирифта шудааст.
Хусусан, нархи сӯзишвории дизелӣ 53,7%, бензин 28,6% ва гази моеъ 26% афзоиш ёфтааст.
Тоҷикистон қариб тамоми маҳсулоти нафтиро аз Русия ва гази моеъро аз Қазоқистон ворид мекунад. Ҳар гуна тағйирёбии нарх дар кишварҳои истеҳсолкунанда мустақиман ба бозори дохилӣ таъсир мерасонад.
Экономический рост.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2026
Рушди ММД ва таваррум: пешгӯии вазъи иқтисоди Тоҷикистон то охири соли 2026
Болоравии нархи нафт дар биржаҳои ҷаҳонӣ ва гарон шудани хароҷоти интиқолу транзит нархи ниҳоиро дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС) зиёд мекунад.
Инчунин ба иттилои Агентии омори куишвар арзиши хизматрасониҳои коммуналӣ дар давраи ҳисоботӣ 11,9% афзоиш ёфтааст.
Барои муқоиса, сатҳи таваррум дар Тоҷикистон то охири соли 2025 3,5% -ро ташкил дод. Ин рақам аз ҳадафи муқарраршуда пасттар ва 0,1 банди фоизӣ аз сатҳи соли 2024 пасттар буд.
Лентаи хабарҳо
0