https://sputnik.tj/20260925/vaziri-difoi-tojkiston-ijroi-bosifati-davat-khizmati-harbi-1080694355.html
Вазири дифои Тоҷкистон иҷрои босифати даъват ба хизмати ҳарбиро талаб кард
Вазири дифои Тоҷкистон иҷрои босифати даъват ба хизмати ҳарбиро талаб кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои Тоҷикистон дар ҷаласае аз масъулин хост даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008 ба хизмати ҳарбӣ босифат анҷом дода шавад
2026-09-25T09:32+0500
2026-09-25T09:32+0500
2026-09-25T12:21+0500
дар тоҷикистон
вазорати дифоъи тоҷикистон
даъват ба хидмат
сифат
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/10/1078334462_103:69:1280:731_1920x0_80_0_0_137e0b9096bc23fa0a9513dff25c6d43.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Ахиран бо иштироки вазири дифои Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ, ҷиҳати омодагӣ ба даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷамъомади методӣ-таълимӣ баргузор шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар додааст.Дар ҷамъомади мазкур вазири дифоъ нахуст аз иштирокчиёни ҷаласа иҷрои босифати Фармони Президенти Тоҷикистон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008-и Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ"-ро талаб намуд.Вай таъкид кард, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ дар тамоми қисму воҳидҳои низомӣ, махсусан Вазорати мудофиа, барои будубоши афсарону сарбозон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.Вазир қайд кард, дастгириҳо ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият ва хизмати ҳарбӣ ба зиёд шудани шумораи хоҳишмандон аз ҳисоби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мусоидат кард.Лозим ба ёдоварист, ки аз тарафи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба хотири дар сатҳи баланд баргузор намудани рӯзи даъватшаванда дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳо дар самти мазкур бо маром идома доранд.Бояд гуфт, ки дар масъалаи даъвати маҷбурӣ ба артиш ё сарбозгирии маҷбурӣ, ки дар Тоҷикистон бо номи "облава" маъруф аст, солҳо боз муҳокима мешавад, аммо талошҳои расмӣ ва қонунӣ барои аз байн бурдани он то ҳол натиҷаи дилхоҳ надодаанд. Ҳамоно боздошти ҷавонон дар кӯчаҳо, бозорҳо, нақлиёт ва хонаҳо аз ҷониби кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ бо ёрии мақомоти милитсия идома дорад. Президент Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомот чандин маротиба дастур додаанд, ки амалияи "облава" қатъ карда шавад, аммо дар амал ин равиш ҳанӯз ҳам такрор меёбад.
https://sputnik.tj/20250411/vazorati-difo-naqshai-davat-afi-artish-tojikiston-ijro-1066942024.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/10/1078334462_122:0:1259:853_1920x0_80_0_0_16d5cd731b9d66651102972ad0c06d01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вазорати дифоъи тоҷикистон, даъват ба хидмат, сифат, амният ва мудофиа
дар тоҷикистон, вазорати дифоъи тоҷикистон, даъват ба хидмат, сифат, амният ва мудофиа
Вазири дифои Тоҷкистон иҷрои босифати даъват ба хизмати ҳарбиро талаб кард
09:32 25.09.2026 (Навсозишуда: 12:21 25.09.2026) Вазири дифои Тоҷикистон дар ҷаласае аз масъулин хост даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008 ба хизмати ҳарбӣ босифат анҷом дода шавад
ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Ахиран бо иштироки вазири дифои Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ, ҷиҳати омодагӣ ба даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷамъомади методӣ-таълимӣ баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ҷамъомади мазкур вазири дифоъ нахуст аз иштирокчиёни ҷаласа иҷрои босифати Фармони Президенти Тоҷикистон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008-и Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ"-ро талаб намуд.
“Даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ чорабинии муҳими сиёсӣ буда, бо сифат иҷро гардидани он аз ҳар як корманди масъули комиссариатҳои ҳарбӣ, комиссияҳои тиббӣ, сохторҳои марбута ва дигар шахсони вобасташуда масъулияти ҷиддӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиро тақозо менамояд”, - таъкид шуд кард вазир дар ҷаласа.
Вай таъкид кард, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ дар тамоми қисму воҳидҳои низомӣ, махсусан Вазорати мудофиа, барои будубоши афсарону сарбозон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Вазир қайд кард, дастгириҳо ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият ва хизмати ҳарбӣ ба зиёд шудани шумораи хоҳишмандон аз ҳисоби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мусоидат кард.
Лозим ба ёдоварист, ки аз тарафи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба хотири дар сатҳи баланд баргузор намудани рӯзи даъватшаванда дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳо дар самти мазкур бо маром идома доранд.
Бояд гуфт, ки дар масъалаи даъвати маҷбурӣ ба артиш ё сарбозгирии маҷбурӣ, ки дар Тоҷикистон бо номи "облава" маъруф аст, солҳо боз муҳокима мешавад, аммо талошҳои расмӣ ва қонунӣ барои аз байн бурдани он то ҳол натиҷаи дилхоҳ надодаанд.
Ҳамоно боздошти ҷавонон дар кӯчаҳо, бозорҳо, нақлиёт ва хонаҳо аз ҷониби кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ бо ёрии мақомоти милитсия идома дорад.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомот чандин маротиба дастур додаанд, ки амалияи "облава" қатъ карда шавад, аммо дар амал ин равиш ҳанӯз ҳам такрор меёбад.