https://sputnik.tj/20260925/hamkorihoigumrukii-tojikiston-rusiya-taqviyat-1080713219.html
Ҳамкориҳоигумрукии Тоҷикистону Русия тақвият меёбанд
Ҳамкориҳоигумрукии Тоҷикистону Русия тақвият меёбанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Белорус байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
2026-09-25T19:43+0500
2026-09-25T19:43+0500
2026-09-25T19:43+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
гумрук
равобит
қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/12/1077636668_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_5d55cbc659f52eb149cc4c8468388be8.jpg
ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Дар доираи ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Брест баргузор гардид, Протокол байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Русия дар бораи эътирофи мутақобили натиҷаҳои назорати гумрукӣ дар шакли электронӣ ба имзо расонида шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ додааст.Қайд карда шудааст, ки имзои ин санад ба рушди ҳамкории гумрукии Тоҷикистону Русия, густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ, баланд бардоштани самаранокии мубодилаи маълумот ва эътирофи натиҷаҳои назорати гумрукӣ дар шакли электронӣ мусоидат менамояд.Ҳамкориҳои гумрукии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар заминаи шарикии стратегӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ солҳои охир ба марҳалаи нави рақамӣ ва соддагардонии расмиёт ворид шудаандТибқи созишномаҳои қаблӣ (аз ҷумла заминаҳои гузошташуда дар охири соли 2024), сохторҳои гумрукии ду кишвар лоиҳаи "Долони гумрукии соддакардашуда"-ро амалӣ мекунанд. Ин низом барои ширкатҳои эътимоднок ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (меваву сабзавот ва хушкбор аз Тоҷикистон) имтиёзҳо ва роҳравҳои махсуси сабзро пешбинӣ мекунад.Ҳамзамон мулоқоти сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо сардор ва намояндагони мақомоти гумруки Қирғизистон баргузор гардид.Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба навсозӣ ва такмили нуқтаҳои гузаргоҳи гумрукӣ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намуданд.Дар ин замина доир ба беҳтар намудани инфрасохтори нуқтаҳои гузаргоҳ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон, инчунин баланд бардоштани самаранокии расмиёти гумрукӣ табодули назар карда шуд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/60937
русия
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/12/1077636668_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_7894b962f7d4375cb4b1986bc369c04e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, гумрук, равобит, қирғизистон
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, гумрук, равобит, қирғизистон
Ҳамкориҳоигумрукии Тоҷикистону Русия тақвият меёбанд
Дар Белорус байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Дар доираи ҷаласаи 83-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Брест баргузор гардид, Протокол байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Русия дар бораи эътирофи мутақобили натиҷаҳои назорати гумрукӣ дар шакли электронӣ ба имзо расонида шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Қайд карда шудааст, ки имзои ин санад ба рушди ҳамкории гумрукии Тоҷикистону Русия, густариши истифодаи технологияҳои рақамӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ, баланд бардоштани самаранокии мубодилаи маълумот ва эътирофи натиҷаҳои назорати гумрукӣ дар шакли электронӣ мусоидат менамояд.
Ҳамкориҳои гумрукии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар заминаи шарикии стратегӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ солҳои охир ба марҳалаи нави рақамӣ ва соддагардонии расмиёт ворид шудаанд
Тибқи созишномаҳои қаблӣ (аз ҷумла заминаҳои гузошташуда дар охири соли 2024), сохторҳои гумрукии ду кишвар лоиҳаи "Долони гумрукии соддакардашуда"-ро амалӣ мекунанд. Ин низом барои ширкатҳои эътимоднок ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (меваву сабзавот ва хушкбор аз Тоҷикистон) имтиёзҳо ва роҳравҳои махсуси сабзро пешбинӣ мекунад.
Ҳамзамон мулоқоти сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо сардор ва намояндагони мақомоти гумруки Қирғизистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба навсозӣ ва такмили нуқтаҳои гузаргоҳи гумрукӣ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
Дар ин замина доир ба беҳтар намудани инфрасохтори нуқтаҳои гузаргоҳ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон, инчунин баланд бардоштани самаранокии расмиёти гумрукӣ табодули назар карда шуд.