Раҳмон гуфт, вилояти Суғд дар гузашта қариб комилан бе барқ мемонд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи раисҷумҳури кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди инфрасохтори энергетикии вилояти Суғд як қатор лоиҳаҳои муҳимми стратегӣ амалӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 24 сен - Sputnik. Раисҷумҳури кишвар дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъкид кард, ки бо пайвастшудани шабакаҳои барқии ҷануб ва шимоли мамлакат тавассути хатти интиқоли барқи 500-киловолта, низоми ягонаи энергетикии кишвар таъсис дода шуд ва амнияти энергетикии кишвар таҳким ёфт.
“Лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи "Ҷануб – Шимол" ба масофаи 264 километр, инчунин, зеристгоҳҳои барқии "Душанбе – 500" ва "Суғд – 500" ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ амалӣ гардид”, - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки ин кор дар рӯзҳое амалӣ гардид, ки хавфи умуман бе барқ мондани вилоят ба вуҷуд омада буд.
Вай афзуд, ки дар 15 соли охир дар соҳаи энергетикаи вилоят 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд.
“Аз ҷумла барқарорсозии неругоҳи барқи обии "Қайроққум", сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва татбиқи лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ ба таҳкими иқтидори энергетикии вилоят мусоидат намуд. Дар доираи таҷдиди неругоҳи барқи обии "Қайроққум" ҳамаи 6 агрегат пурра иваз гардида, иқтидори истеҳсолии он аз 126 ба 174 мегаватт расонида шуд”, - зикр кард раҳбари Тоҷикистон.
Вай ҳамчунин илова кард, ки бунёди хатҳои интиқоли барқи "Қайроққум – Ашт" ва "Қайроққум – Суғд" имконият фароҳам овард, ки таъминоти барқ дар минтақа боз ҳам беҳтар шуда, барои рушди истеҳсолот ва содироти неруи барқ шароити мусоид муҳайё гардад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2026
Раҳмон супориш дод, ки ашёи хоми дохилӣ пурра коркард карда шавад
Ҳамчунин ба гуфтаи Эмоалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 74 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии беш аз 8900 киловатт бунёд карда шуд.
“Ҳоло татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар, аз ҷумла васеъсозии зеристгоҳи "Суғд – 500" ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ идома дорад, ки ба рушди минбаъдаи инфрасохтори энергетикии вилоят мусоидат менамояд”, - қайд кард кишвардори Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш таъкид кард, ки дар вилояти Суғд – имрӯзҳо бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт – бо иқтидори 250 мегаватт ба анҷом расонида шуд. Ин иншооти муҳим ду рӯз пеш ба фаъолият оғоз кард.
Раҳбари кишвар аз сокинон ва мақомот даъват кард, ки ба истифодаи самараноки иқтидорҳои энергетикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва коҳиш додани талафоти неруи барқ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд.
Лентаи хабарҳо
0