Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВУХ Русия гузоришҳои Украинаро оиди ҳалли мусолиматомез тавассути СММ арзёбӣ кард

© Sputnik / Наталья СеливерстоваЗдание Министерства иностранных дел РФ в Москве.
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2026
Обуна шудан
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Алимов даъват кард, ки вақтро барои тахминҳо дар расонаҳои Украина сарф накунанд
ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik. Хабарҳои расонаҳои Украина дар бораи бастани созишномаи сулҳ байни Русия ва Украина тавассути "тартиби махсус"-и СММ тахминҳои нофаҳмое ҳастанд, ки сарфи вақтро намеарзанд.
Дар ин бора, муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Алимов дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфтааст.
Дар аввали моҳи сентябр расонаҳои Украина хабар доданд, ки нақшаи нави ИМА барои Украина гӯё имзои ниҳоии шартномаи сулҳро дар бар мегирад, ки тавассути "тартиби махсус" дар СММ ба расмият дароварда мешавад.
"ВАО, бахусус ростқавлтарин ВАО-и Украина, пур аз ҳар гуна овозаҳо, маълумоти махфӣ ва ихроҷҳои иттилоотӣ мебошанд. Дар ин ҳолат, фаҳмидани он ки чӣ гуфта мешавад, душвор аст. Ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки вақтро ба тахминҳои рӯзноманигорони украинӣ сарф накунед, балки ба изҳороти расмии роҳбарияти кишвари мо ва Вазорати корҳои хориҷӣ тамаркуз намоед", - гуфт, Алимов.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров: Ҷанги иттилоотӣ алайҳи Русия хеле пеш аз амалиёти вижа оғоз шуда буд
Қаблан, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфта буд, ки барои Маскав ҳалли низоъ дар Украина маънои иҷрои вазифаҳоеро дорад, ки дар оғози амалиёти вижа гузошта шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0