Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Туркия барои сулҳи пойдор дар Украина тамосҳоро нигоҳ медорад

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел Турции Хакан Фидан
Министр иностранных дел Турции Хакан Фидан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2026
Обуна шудан
Фидон: Анқара барои расидан ба сулҳ иртиботро бо Маскав ва Киев нигоҳ медорад
ДУШАНБЕ, 22 сент - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидон изҳор дошт, ки Туркия аз муколама ва талошҳои дипломатӣ барои ба даст овардани сулҳи пойдор дар Украина пуштибонӣ мекунад ва роҳҳои муоширатро ҳам бо Киев ва ҳам бо Маскав нигоҳ медорад.
"Барои ба даст овардани сулҳи пойдор дар Украина, мо аз муколама ва дипломатия пуштибонӣ мекунем ва роҳҳои муоширатро ҳам бо Киев ва ҳам бо Маскав нигоҳ медорем", - гуфт, Фидон дар Ню Йорк.
Ӯ афзуд, ки Анқара тамосҳои дипломатиро воситаи зарурӣ барои ёфтани роҳи ҳал барои низои Украина медонад.
Фидон қайд кард, ки Туркия бо ҳарду ҷониб ҳамкорӣ мекунад ва аз имкониятҳои дипломатӣ барои ноил шудан ба сулҳи дарозмуддат истифода мебарад.
Второй раунд переговоров России и Украины. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Туркия ташаббусҳоро дар мавриди Украина бо ИМА ҳамоҳанг мекунад
Пештар хабар дода шуд, ки Туркия пайваста бо ИМА оид ба ташаббусҳои миенаравӣ, ки ба ҳалли низоъ дар Украина нигаронида шудаанд, ҳамоҳанг аст ва ҳамзамон тамосҳои Вашингтон ва Маскавро бодиққат пайгирӣ мекунад.
Манбаъ қайд кард, ки Туркия ҳам бо Русия ва ҳам бо Украина робитаи мустақим дорад, ки ба он имкон медиҳад, ки дар бораи мавқеи тарафҳо маълумот гирад ва имкониятҳои пешбурди раванди гуфтушунидро арзебӣ кунад.
Лентаи хабарҳо
0