Муҳоҷирони тоҷикро дар Русия аз интиқоли пул ба суратҳисобҳои номаълум ҳушдор доданд

© Unsplash / rupixen.comОплата пластиковой картой.
Оплата пластиковой картой. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.09.2026
Обуна шудан
Намояндагӣ тавсия медиҳад, ки ба муроҷиатҳои эҳсосотӣ дода нашавед, ба ваъдаву исрори шахсони ношинос бовар накунед ва пеш аз санҷидани маълумот барои интиқоли маблағ шитоб накунед
ДУШАНБЕ, 22 сент - Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандон даъват кард, ки ҳангоми анҷом додани интиқоли маблағ эҳтиёткор буда, ба суратҳисобҳои шахсони номаълум худдорӣ намоед.
Тибқи ҳушдори ин ниҳод, ки гуруҳҳои манфиатҷӯ, фондҳои қалбакӣ ва шахсони ношинос бо мақсади ба даст овардани маблағҳои муфт, наворҳои сохта, аксҳои тавассути барномаҳои муосир сохташударо дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн ва нашр намуда, аз мардум маблағҳои муфтро гирдоварӣ менамоянд.
Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки ба шахсони ношинос, ташкилотҳо, фондҳо ва гурӯҳҳое, ки фаъолияти онҳо ба таври боэътимод тасдиқ нашудааст, маблағ интиқол надиҳанд ва пеш аз фиристондани маблағ ваъзи ҳуқуқии ташкилот ва шахси қабулкунандаро санҷанд.
Зарур аст, ки пеш аз анҷом додани ҳар гуна интиқоли маблағ маълумоти пурра дар бораи гирандаи маблағ, номи расмии ташкилот, қонунӣ будани фаъолияти он, реквизитҳои бонкӣ ва мақсади ҷамъоварии маблағ санҷида шавад.
“Ба реквизитҳое, ки тавассути каналҳои ношиноси Telegram, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ё аз ҷониби шахсони номаълум пешниҳод мешаванд, маблағ интиқол надиҳед”,- таъкид мекунад намояндагӣ.
Зеро гурӯҳҳои алоҳидаи ифротгароӣ ва экстремистӣ бо баҳонаи расонидани кӯмаки хайриявӣ, ёрӣ ба шахсони ниёзманд, зарардидагон ва ё бо дигар мақсадҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандон интиқоли маблағро дархост намуда, дар ин асно фаъолияти ба зоҳир хайриявӣ метавонад аз ҷониби шахсон ё ташкилотҳое амалӣ гардад, ки барои ҷамъоварии маблағ асосҳои қонунӣ надоранд ва ё метавонанд мақсадҳои ғайриқонунӣ дошта бошанд, ки тибқи талаботҳои қонунгузории Россия интиқолдиҳандаи маблағ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.
Покупка в интернете с помощью карты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2026
Муҳоҷир дар Русия барои хариди онлайнӣ 1,2 млрд рубл сарф кардаанд
Таъкид мешавад, ки ҳатто агар ҷамъоварии маблағ бо баҳонаи “ёрии хайриявӣ” ё “кӯмаки иҷтимоӣ” пешниҳод гардад, дар сурати мавҷуд будани шубҳа нисбат ба гирандаи маблағ ё мақсади воқеии ҷамъоварӣ, аз интиқоли маблағ худдорӣ намоед.
Намояндагӣ тавсия медиҳад, ки ба муроҷиатҳои эҳсосотӣ дода нашавед, ба ваъдаву исрори шахсони ношинос бовар накунед ва пеш аз санҷидани маълумот барои интиқоли маблағ шитоб накунед.
Лентаи хабарҳо
0