Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар Украина дар пешорӯи зимистон талабот ба ҳезум ва нархи он афзудааст

© AP / Alex BabenkoУкраинец рубит дрова возле своего дома в селе Мощун под Киевом . Архивное фото
Украинец рубит дрова возле своего дома в селе Мощун под Киевом . Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2026
Обуна шудан
Зимистони Украина метавонад аз замони оғози низоъ бадтарин бошад, зеро норасоии шадиди мушакҳои боздоранда вуҷуд дорад, навиштааст расонаи олмонӣ
ДУШАНБЕ, 21 сен – Sputnik. Талабот ба ҳезум дар Украина пеш аз зимистон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Оҷонсии “Bloomberg”.
"Талабот ба ҳезум боиси тақрибан 70-80% болоравии нархҳо дар муқоиса бо соли гузашта шудааст", - иқтибос меорад оҷонсӣ суханони сокини Киев, ки тасмим гирифтааст ба деҳот кӯчад.
Дар мақолаи оҷонсӣ қайд мешавад, ки бисёре аз украинҳо дар баробари дигар гузинаҳо муҳоҷиратро баррасӣ мекунанд.
“Bloomberg” бовар дорад, ки зимистони кишвар метавонад аз замони оғози низоъ бадтарин бошад, зеро норасоии шадиди мушакҳои боздоранда барои Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина вуҷуд дорад.
Рӯзномаи фаронсавии “Monde” қаблан хабар дода буд, ки коршиносон бовар доранд, вазъият дар Украина нисбат ба соли гузашта боз ҳам душвортар хоҳад буд.
Дар аввали моҳи сентябр, узви парлумони Украина Соломия Бобровска, аз шаҳрвандон даъват кард, ки барои шароити душвор омода шаванд, Киевро тарк кунанд ва ҳезум захира кунанд, дар ҳоле ки мушовири вазири дифоъ Сергей Бескрестнов харидории генераторҳо, батареяҳо ва захира кардани бензинро маслиҳат дод.
Украинские военнослужащие на линии фронта. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Афсари артиши ИМА аз вазъи Украина дар ҳайрат мондаст
Владимир Зеленский борҳо эътироф кардааст, ки Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ҳангоми ҳамла ба ҳадафҳои низомӣ дар шаҳрҳои калон натавонистанд ягон мушаки Русияро боздоранд.
Егор Чернев, раиси Кумитаи Амнияти Миллӣ, Мудофиа ва Иттилоотии парлумон, қайд кард, ки вазъи низоми мудофиаи ҳавоӣ дар кишвар аз замони оғози низоъ бадтарин шудааст.
Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи “New York Times” хабар дод, ки кишварҳои Ғарб аз интиқоли мушакҳои боздоранда ба Киев бештар худдорӣ мекунанд, зеро онҳо барои мудофиаи худ ба онҳо ниёз доранд.
Лентаи хабарҳо
0