“Гузаштаи шӯравӣ ва 35 соли истиқлол”: таасусуроти пажӯҳишгари покистонӣ аз Тоҷикистон

© Foto / Пресс-служба Рустама Эмомали
Обуна шудан
Эксклюзив
Пажӯҳишгари покистонӣ аз дидаҳову бардоштҳояш аз Тоҷикистон гуфт, кишваре, ки ба бовари ӯ, аз "шарри сиёсатҳои касифи Амрико" масун мондааст.
ДУШАНБЕ, 20 сен - Sputnik. Ҳамоишҳои пурҷило, оташбозӣ ва нурафкании аҷиб ва ҷашнгирии ҳазорон нафар: Тоҷикистон 35-умин солгарди истиқлолияти худро бошукӯҳ ҷашн гирифт. Имсол, муҳимтарин солгарди кишвар бо як шаҳомати махсус қайд гардид, ҳайатҳои баландпоя ва намояндагони фахрӣ аз даҳҳо кишварҳои хориҷӣ ин ҷашнро яқҷо бо мардуми тоҷик ҷашн гирифтанд.
Яке аз ин меҳмонон, пажӯҳишгар ва таҳлилгари тоҷиктабори покистонӣ Ориф Ҳасанхон Охундзода буд, ки тоҷикони Покистонро дар ҷашнҳо ва чорабиниҳои давлатӣ ба хотири 35-умин солгарди истиқлолияти кишвар, намояндагӣ мекард.
Дар бораи таассуроти Охундзода аз сафараш ба Душанбе ва андешаҳояш дар бораи мардуми тоҷик дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон хонед.
Мероси Иттиҳоди Шӯравӣ
Ҷашнҳои кунунӣ фарҳанги баланди Тоҷикистон, муташаккилӣ ва интизоми мардуми он, инчунин хислатҳоеро, ки асосан аз давраи шӯравӣ мерос гирифтаанд, нишон доданд, қайд кард Охундзода дар мусоҳиба бо хабарнигор.
“Ман бисёр хушҳол шудам, ки дидам бисёре аз намодҳо ва вижагиҳои даврони Шӯравӣ дар ин ҷо ҳамчунон ҳифз шудаанд — ба вижа дар униформ, оростагӣ ва инзиботи нерӯҳои мусаллаҳ ва ҳамчунон дар созмонҳо ва сохторҳои мутааддиде, ки замоне аз вижагиҳои зиндагии ҷомеаи Шӯравӣ ба шумор мерафтанд”, - гуфт Охундзода.
Охунзода гуфт, ки дидани ин ки чӣ гуна амният, созмонёфтагӣ, назми иҷтимоӣ ва пӯёии давлатии як ҷомеае ба сабки аврупоӣ дар ин ҷо бо суннатҳо ва мероси фарҳангии форсӣ дарҳам омехтааст, ба ростӣ мояи хурсандӣ буд.
“Ҳамаи инҳо дар минтақае аст, ки Амрико тайи сӣ сол, бо ҳирси маҳорнашуданӣ ва бешармонаи худ барои дастёбӣ ба хутути лӯла ва манобеъ, бо фасод ва “ҷиҳод”-ҳои касифе, ки барои таҳаққуқи ин аҳдоф, масмум сохтани ҷомеа ва тазъифи бунёдҳои он ба кор гирифта шуданд, онро бесубот сохтааст”, гуфт пажӯҳишгари покистонӣ.
Ӯ дар шарҳи суханонаш оқибатҳои "сиёсати ифлос"-и Ғарбро дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна, ки худро дар гирдоби мушкилоти амниятӣ ва иқтисодӣ қарор доданд, мисол овард.
“Афғонистон ба вайронае сӯхта ва зуғолшуда табдил шуда ва Покистон ба пайкаре дар ҳоли марг ва пӯсидагӣ, ки дар остонаи фурӯпошӣ аст. Ва акнун мебинем, ки чӣ гуна дар Ховари Миёна ва перомуни Эрон, мавҷи як мунозираи ҳавлноки ҷаҳонӣ дар ҳоли бархостан аст, дар ҳоле ки Амрикои ба гӯша рондашуда мекӯшад охирин набарди худро бо шиллик аз ҳамаи силоҳҳояш ба пеш бибарад”, - гуфт Охундзода.
Ӯ гуфт, ки сафар ба Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳатҳо чашмҳояшро боз кард.
"Тоҷикистон дар минтақае, ки аз муддатҳо пеш фасод ва заволи маънавӣ аз дарун онро мепӯсонад, ба ростӣ ҳамчун воҳае аз субот, амният, рифоҳ, оромиш ва ризояти иҷтимоӣ ба назар мерасад”, — гуфт пажӯҳишгар.
Шаҳри зебо, одамони самимӣ, фарҳанги қавӣ
Охундзода гуфт, ки ифтихор мекунад дар ҷашнҳо ва маросими давлатӣ, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ба муносибати сиюпанҷумин солгарди истиқлоли давлатии ин кишвар баргузор шуд, намояндагии тоҷиктаборони Покистонро бар уҳда доштааст.
Ӯ пойтахти Тоҷикистонро шаҳри бузурге номид, ки дар симои он зебоӣ, диққат ва санҷидагии мактаби шаҳрсозии Шӯравӣ бозтоб ёфтааст.
Ӯ пойтахти Тоҷикистонро шаҳри бузурге номид, ки дар симои он зебоӣ, диққат ва санҷидагии мактаби шаҳрсозии Шӯравӣ бозтоб ёфтааст.
“Бо вуҷуди иқлими хушк ва камоб, шаҳр ба гунаи бенуқс покиза аст. Дар ин ҷо ҳатто ба душворӣ метавон асаре аз гарду хок дид, чӣ расад ба зубола ва касофоте, ки, мутаассифона, ба яке аз вижагиҳои маъмули шаҳрҳои кишварҳои ҳамсоя дар ҷануби Тоҷикистон табдил шудааст”, - афзуд пажӯҳишгар.
Ба гуфтаи Охундзода, шаҳрвандони Тоҷикистон беҳтарин вижагиҳои фарҳанги худро дар вуҷуди хеш мутаҷаллӣ месозанд.
“Онон мардуме фавқулода боадаб, сареҳ ва самимиянд, ки ба фарҳанги худ, гузаштаи бошукӯҳи он ва решаҳои қавмии хеш амиқан ифтихор мекунанд. Бо ин ҳама, ин ғурур ҳаргиз ҷанбаи таҳрикомез ё таҳоҷумӣ ба худ намегирад; баръакс, табиӣ ва ҳамоҳанг аст”, - гуфт Охундзода.
Пажӯҳишгар ба он ишора кард, ки занони тоҷик дар зиндагии иҷтимоӣ, дар идорот ва дар тамоми арсаҳои корӣ ва иҷтимоӣ ҳузур доранд.
“Мардон, ба таври маъмул, либосҳои расмӣ ва кату шалвор мепӯшанд, ҳарчанд пӯшиши рӯзмарраи шик низ роиҷ аст. Мардон амалан либосҳои суннатиеро, ки мумкин аст зоҳире куҳна ва ибтидоӣ ба онон бидиҳад, намепӯшанд. Занон аммо ҳам либосҳои миллӣ мепӯшанд ва ҳам анвои гуногуни пӯшишҳои модерни аврупоиро”, - афзуд пажӯҳишгари покистонӣ.
Вай бо ишора ба бархе ҷавомеи перомуни Тоҷикистон гуфт, мардуми онҳо бидуни вузӯ “намоз мехонанд”, бидуни ҳеҷ азоби виҷдоне муртакиби анвои аъмоли ҳаром мешаванд ва сипас панҷ бор дар рӯз рукуъ ва саҷда мекунанд, танҳо барои он ки диндорӣ ва тақвои худро ба дигарон нишон диҳанд.
“Бо ин ҳама, дар Тоҷикистон ҳеҷ нишонае аз беъифатӣ, ҳарзагӣ ё авбошгарӣ ба чашм намехӯрад. Фарҳанги нерӯманди ҷомеа, дар канори ҳукумати муқтадир, монеъи чунин падидаҳое мешавад”, гуфт пажӯҳишгари покистонӣ.
Ориф Ҳасан Охундзода, пажӯҳишгар ва таҳлилгари тоҷиктабори аҳли Покистон, дар ҳавзаи таърих, геополитика ва сиёсати минтақа аст. Вай имсол дар қатори ҳудуди 240 меҳмони хориҷӣ барои ширкат дар маросими сиюпанҷумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, ба даъвати Академии миллии улуми Тоҷикистон ба Душанбе омад ва дар конфронси Созмони ҷаҳонии "Пайванд", ки ба ваҳдати тоҷикони ҷаҳон ихтисос дошт, суханронӣ кард.

