Рӯзҳои истироҳатӣ ва кории соли 2027 дар Русия

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкОтдыхающие в парке культуры и отдыха "Краснодар" в Краснодаре.
Отдыхающие в парке культуры и отдыха Краснодар в Краснодаре. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2026
Обуна шудан
Ҳукумати Русия тақвими рӯзҳои ид ва истироҳатро барои соли 2027 тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 19 сен - Sputnik.Вазорати меҳнати Русия тақвими рӯзҳои истироҳату ид барои соли 2027 омода кардааст.
Тақвим 365 рӯзро дар бар мегирад. Аз ин шумора 247 рӯз рӯзи корӣ ва 118 рӯз рӯзи истироҳат/ғайрикорӣ хоҳанд буд.
Таътили Соли Нав дар Русия дар соли 2027 11 рӯз - аз 31 декабри соли 2026 (чоршанбе) то 10 январи соли 2027 (якшанбе) давом мекунад. Рӯзи аввали корӣ баъд аз соли нав 11 январ (душанбе) хоҳад буд.
Танаффусҳои тӯлонии корӣ дар моҳҳои феврал, март, май, июн ва ноябр дар назар аст.
Масалан, кишвар ба муносибати Рӯзи муҳофизони Ватан аз 21 то 23 феврал рӯзҳои истироҳати тӯлонӣ муқаррар кардааст. Дар ин моҳ инчунин ҳафтаи кории шашрӯза, аз 15 то 20 феврал, ба нақша гирифта шудааст, аммо рӯзи кории кӯтоҳ дар рӯзи шанбе, 20-ум, пешбинӣ шудааст.
© SputnikТақвими идҳо дар Русия барои соли 2027
Тақвими идҳо дар Русия барои соли 2027 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.09.2026
Тақвими идҳо дар Русия барои соли 2027
Дар моҳи март се рӯзи ғайрикорӣ низ пешбинӣ шудааст - аз 6 то 8 март. Ин ба муносибати ҷашни Рӯзи байналмилалии занон аст.
Илова бар итироҳатҳои Соли навӣ, дар соли 2027, сокинони Русияро истироҳатҳо дар моҳи май интизор аст. Имсол, мисли солҳои қаблӣ, онҳо тақсим шудаанд. Рӯзи баҳор ва меҳнат аз 1 то 3 ҷашн гирифта мешавад. Ва аз 8 то 10, сокинони Русия Рӯзи Ғалабаро ҷашн мегиранд. Ғайр аз ин, 30 апрел рӯзи кории кӯтоҳ хоҳад буд.
Шаҳрвандон ба муносибати Рӯзи Русия аз 12 то 14 июн рӯзҳои истироҳат хоҳанд дошт. Ғайр аз ин, рӯзи ҷумъаи пеш аз ин рӯзҳои истироҳат (11 июн), шаҳрвандон як соат камтар кор хоҳанд кард.
Тибқи лоиҳа, аз 4 то 7 ноябр дар Русия низ дар робита ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати Миллӣ рӯзҳои ғайрикорӣ хоҳанд буд. Ғайр аз ин, 3 ноябр рӯзи кории кӯтоҳ дар назар аст.
Дар моҳи декабр, Русияро рӯзи истироҳат 31-ум интизор аст.
Заглушка к инфографике Праздничные и выходные дни в Таджикистане в ноябре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2026
Дар моҳи сентябр тоҷикистониён чанд рӯз истироҳат мекунанд? Тақвим
Мувофиқи қисми 5 моддаи моддаи 112 Кодекси меҳнати Русия, бо мақсади таъмини истифодаи оқилонаи рӯзҳои истироҳати ғайрикорӣ аз ҷониби кормандон, рӯзҳои истироҳат метавонанд бо санади ҳуқуқӣ ё қарори ҳукумат ба санаҳои дигар гузаронида шаванд.
Дар ин робита, Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кард, ки 2 январ (шанбе) ба 5 ноябр (ҷумъа), 3 январ (якшанбе) ба 31 декабр (ҷумъа) ва 20 феврал (шанбе) ба 22 феврал (душанбе) гузаронида шаванд.
Тибқи ин қарор, шаҳрвандони Русияро рӯзҳои истироҳати тӯлонӣ дар моҳҳои феврал, ноябр ва декабри соли 2027 интизор аст.
Лентаи хабарҳо
0