https://sputnik.tj/20260919/nozironi-tojikiston-omodagi-intikhobot-rusiya-1080540430.html
Нозирони Тоҷикистон аз сатҳи баланди омодагӣ ба интихобот дар Русия таъкид карданд
Нозирони Тоҷикистон аз сатҳи баланди омодагӣ ба интихобот дар Русия таъкид карданд
Sputnik Тоҷикистон
Нозирони Тоҷикистон дар интихоботи Думаи давлатии Русия, ки аз 18 то 20 сентябри соли 2026 баргузор мешавад, фаъолона иштирок доранд
2026-09-19T12:33+0500
2026-09-19T12:33+0500
2026-09-19T12:33+0500
дар тоҷикистон
русия
нозирон
парлумон
интихобот
думаи давлатӣ
вакилони маҷлис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/13/1080540261_0:133:3007:1824_1920x0_80_0_0_a9497c77600422cd9c409a5797a5ee95.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен - Sputnik. Нозирони байналмилалӣ аз Асамблеяи парлумонии СПАД, таҳти роҳбарии намояндаи парлумони Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, ба назорати интихобот ба Думаи давлатии Русия оғоз кардандНозирони тоҷик таҳти роҳбарии Рустам Шохмурод аз субҳи 18 сентябри соли 2026, аз лаҳзаи боз шудани ҳавзаҳои интихоботӣ, ба кор шурӯъ карданд.Аввалин ҳавзаи интихоботие, ки онҳо дидан карданд, мактаби № 1520 ба номи Капсовҳо дар шаҳри Москва буд.Нозирони Тоҷикистон омодагиҳои касбии аъзоёни комиссияҳои интихоботиро баланд арзёбӣ карданд.Нозирони Тоҷикистон на танҳо дар Москва ва вилояти Москва, балки дар ҳавзаҳои интихоботие, ки дар кишварҳои хориҷ ҳастанд назорат хоҳанд кард.Барои мисол вакили парлумон Нуриддин Муҳиддин раёсати назоратро дар худи шаҳри Душанбе ба уҳда дорад, ки дар он ҷо шаҳрвандони Русия сокини Тоҷикистон раъй медиҳанд.Инчунин, намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати Миссияи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ низ шомиланд ва дар минтақаҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Санкт-Петербург, Астрахан, Саратов ва дигар шаҳрҳо фаъолият доранд.Ёдовар мешавем, ки интихоботи Думаи давлатии Русия дар Тоҷикистон низ барои шаҳрвандони ин кишвар рӯзи 20 сентябри соли 2026 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор мегардад.Овоздиҳӣ барои интихоботи вакилони Думаи давлатии дар Русия дар тӯли се рӯз, аз 18 то 20 сентябр, баргузор мешавад.Русҳое, ки дар хориҷ аз кишвар ҳастанд дар рӯзҳои интихобот метавонанд дар беш аз 300 ҳавзаи интихоботӣ дар 152 кишвар овоз диҳанд.Президенти Русия Владимир Путин интихоботи дарпешистодаи Думаи давлатиро муҳимтарин рӯйдоди сиёсии дохилӣ дар кишвар номид.
https://sputnik.tj/20260918/shahrvandoni-rusiya-tojikiston-ray-1080532819.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/13/1080540261_150:0:2881:2048_1920x0_80_0_0_004c1a678d450f7d833804d919ee27b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, нозирон, парлумон, интихобот, думаи давлатӣ, вакилони маҷлис
дар тоҷикистон, русия, нозирон, парлумон, интихобот, думаи давлатӣ, вакилони маҷлис
Нозирони Тоҷикистон аз сатҳи баланди омодагӣ ба интихобот дар Русия таъкид карданд
Нозирони Тоҷикистон дар интихоботи Думаи давлатии Русия, ки аз 18 то 20 сентябри соли 2026 баргузор мешавад, фаъолона иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 19 сен - Sputnik. Нозирони байналмилалӣ аз Асамблеяи парлумонии СПАД, таҳти роҳбарии намояндаи парлумони Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, ба назорати интихобот ба Думаи давлатии Русия оғоз карданд
Нозирони тоҷик таҳти роҳбарии Рустам Шохмурод аз субҳи 18 сентябри соли 2026, аз лаҳзаи боз шудани ҳавзаҳои интихоботӣ, ба кор шурӯъ карданд.
Аввалин ҳавзаи интихоботие, ки онҳо дидан карданд, мактаби № 1520 ба номи Капсовҳо дар шаҳри Москва буд.
Нозирони Тоҷикистон омодагиҳои касбии аъзоёни комиссияҳои интихоботиро баланд арзёбӣ карданд.
Нозирони Тоҷикистон на танҳо дар Москва ва вилояти Москва, балки дар ҳавзаҳои интихоботие, ки дар кишварҳои хориҷ ҳастанд назорат хоҳанд кард.
Барои мисол вакили парлумон Нуриддин Муҳиддин раёсати назоратро дар худи шаҳри Душанбе ба уҳда дорад, ки дар он ҷо шаҳрвандони Русия сокини Тоҷикистон раъй медиҳанд.
Инчунин, намояндагони Тоҷикистон дар ҳайати Миссияи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ низ шомиланд ва дар минтақаҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Санкт-Петербург, Астрахан, Саратов ва дигар шаҳрҳо фаъолият доранд.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи Думаи давлатии Русия дар Тоҷикистон низ барои шаҳрвандони ин кишвар рӯзи 20 сентябри соли 2026 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор мегардад.
Овоздиҳӣ барои интихоботи вакилони Думаи давлатии дар Русия дар тӯли се рӯз, аз 18 то 20 сентябр, баргузор мешавад.
Русҳое, ки дар хориҷ аз кишвар ҳастанд дар рӯзҳои интихобот метавонанд дар беш аз 300 ҳавзаи интихоботӣ дар 152 кишвар овоз диҳанд.
Президенти Русия Владимир Путин интихоботи дарпешистодаи Думаи давлатиро муҳимтарин рӯйдоди сиёсии дохилӣ дар кишвар номид.