https://sputnik.tj/20260918/avrupo-kharidi-mushakho-pahpodho-ukraina-1080534257.html
Аврупо барои хариди мушакҳо ва паҳподҳо ба Украина 3,3 млрд евро медиҳад
Аврупо барои хариди мушакҳо ва паҳподҳо ба Украина 3,3 млрд евро медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Фон дер Лейен, эълон кард, ки Комиссияи Аврупо барои хариди мушакҳо ва паҳподҳо ба Киев 3,3 миллиард евро ҷудо мекунад
2026-09-18T20:21+0500
2026-09-18T20:21+0500
2026-09-18T20:21+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
иттиҳодияи аврупо
аврупо
маблағ
мушак
паҳпод
харидорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/12/1080520792_0:0:2989:1681_1920x0_80_0_0_ff63be38070ab473bb9813cb21912638.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен - Sputnik. Ахиран Комиссияи Аврупо дар изҳороте гуфт, ки дар доираи Қарзи дастгирии Украина ба маблағи 90 миллиард евро 3,3 миллиард евроро барои хариди мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Украина интиқол медиҳад."Имрӯз мо 3,3 миллиард евроро барои кӯмак ба Украина дар харидани ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳо дар доираи Қарзи дастгирии Украина интиқол медиҳем. Аврупо ба дастгирии Украина идома хоҳад дод", - гуфт раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен.Транши нав инчунин ба Киев имкон медиҳад, ки барои системаҳзои амрикоии Патриот мушакҳо харидорӣ кунад.Ин чорумин пардохт ба Украина дар доираи ҷузъи мудофиавии қарз аст. Бо назардошти транши нав, Комиссияи Аврупо аз аввали соли 2026 қариб 15 миллиард евроро барои эҳтиёҷоти низомӣ ва дигар эҳтиёҷот ба Киев интиқол додааст.Ҳаҷми умумии Қарзи дастгирии Украина барои солҳои 2026-2027 90 миллиард евроро ташкил медиҳад, ки аз он 60 миллиард евро барои хариди таҷҳизоти дифоӣ ва 30 миллиард евро барои дастгирии буҷет ҷудо карда шудааст. Дар соли 2026 то 28,3 миллиард евро барои бахши низомии Украина ҷудо карда шудааст.Русия бар ин назар аст, ки таъмини силоҳ ба Украина ба ҳалли низоъ халал мерасонад, кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба низоъ ҷалб мекунад ва "бозӣ бо оташ" аст.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли дорои силоҳ ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Кремл изҳор дошт, ки таъмини силоҳи Ғарб ба Украина барои музокирот баръакс аст ва таъсири манфӣ хоҳад дошт.
https://sputnik.tj/20260918/mendel-zelenskiy-panj-sozishnomai-sulhro-rad-kard-1080526010.html
украина
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/12/1080520792_185:0:2916:2048_1920x0_80_0_0_73ffece7528d9347a0708bdea42f2d2e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, иттиҳодияи аврупо, аврупо, маблағ, мушак, паҳпод, харидорӣ
украина, амалиёти вижа, иттиҳодияи аврупо, аврупо, маблағ, мушак, паҳпод, харидорӣ
Аврупо барои хариди мушакҳо ва паҳподҳо ба Украина 3,3 млрд евро медиҳад
Фон дер Лейен, эълон кард, ки Комиссияи Аврупо барои хариди мушакҳо ва паҳподҳо ба Киев 3,3 миллиард евро ҷудо мекунад
ДУШАНБЕ, 18 сен - Sputnik. Ахиран Комиссияи Аврупо дар изҳороте гуфт, ки дар доираи Қарзи дастгирии Украина ба маблағи 90 миллиард евро 3,3 миллиард евроро барои хариди мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Украина интиқол медиҳад.
"Имрӯз мо 3,3 миллиард евроро барои кӯмак ба Украина дар харидани ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳо дар доираи Қарзи дастгирии Украина интиқол медиҳем. Аврупо ба дастгирии Украина идома хоҳад дод", - гуфт раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен.
Транши нав инчунин ба Киев имкон медиҳад, ки барои системаҳзои амрикоии Патриот мушакҳо харидорӣ кунад.
Ин чорумин пардохт ба Украина дар доираи ҷузъи мудофиавии қарз аст. Бо назардошти транши нав, Комиссияи Аврупо аз аввали соли 2026 қариб 15 миллиард евроро барои эҳтиёҷоти низомӣ ва дигар эҳтиёҷот ба Киев интиқол додааст.
Ҳаҷми умумии Қарзи дастгирии Украина барои солҳои 2026-2027 90 миллиард евроро ташкил медиҳад, ки аз он 60 миллиард евро барои хариди таҷҳизоти дифоӣ ва 30 миллиард евро барои дастгирии буҷет ҷудо карда шудааст. Дар соли 2026 то 28,3 миллиард евро барои бахши низомии Украина ҷудо карда шудааст.
Русия бар ин назар аст, ки таъмини силоҳ ба Украина ба ҳалли низоъ халал мерасонад, кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба низоъ ҷалб мекунад ва "бозӣ бо оташ" аст.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли дорои силоҳ ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Кремл изҳор дошт, ки таъмини силоҳи Ғарб ба Украина барои музокирот баръакс аст ва таъсири манфӣ хоҳад дошт.