https://sputnik.tj/20260917/tojikiston-belorus-hamkoriho-muqovimat-korrupsiya-purzur-1080488993.html
Тоҷикистону Белорус ҳамкориҳоро барои муқовимат бо коррупсия пурзур мекнунад
Тоҷикистону Белорус ҳамкориҳоро барои муқовимат бо коррупсия пурзур мекнунад
Sputnik Тоҷикистон
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи бо Прокуратураи генералии Беларус санади ҳамкорӣ дар бораи муқовимат бо коррупсия имзо кард
2026-09-17T14:41+0500
2026-09-17T14:41+0500
2026-09-17T14:41+0500
дар тоҷикистон
белорус
ҳамкорӣ
коррупсия
равобит
прокуратураи генералӣ
фасод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/11/1080490096_0:64:1440:874_1920x0_80_0_0_c10427f1c3d2e15a39f77e08827f26d1.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен - Sputnik. Ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия ба шаҳри Мински Белорус сафари корӣ анҷом доданд.Ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи раиси ин ниҳод Султонзода Сулаймон дар ин сафар бо Прокурори генералии Беларус Гора Дмитрий дидору мулоқот кард.Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар самти муқовимат ба коррупсия, тақвияти робитаи дуҷониба дар самти ошкор ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, табодули маълумот ва таҷрибаҳои муосир, баргузории чорабиниҳои муштарак ва дигар масъалаҳои қобили диққати тарафайн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот бо мақсади мустаҳкам намудани робитаҳои дуҷониба байни Агентӣ ва Прокуратураи генералии Беларус "Барномаи ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2027 - 2028" дар шароити тантанавӣ ба имзо расонида шуд.Ин ниҳод таъкид кардааст, ки Агентӣ бо ҷониби беларусӣ маротибаи сеюм санади ҳамкорӣ ба тасвиб расонида, Барномаи имзошуда идомаи ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти зиддикоррупсионии ҳар ду кишвар арзёбӣ мегардад.Хадамоти матбуоти Агентӣ зикр кардааст, ки дидору мулоқот дар фазои дӯстона ва эҳтироми ҳамдигар сурат гирифт.Таъкид шудааст, ки натиҷаҳои он барои тақвияти густариши робитаҳои байналмилии ҷонибҳо дар самти муқовимат ба коррупсия таъсири мусбӣ хоҳад расонид.
https://sputnik.tj/20260914/tojikiston-belorus-taboduli-kolo-dollar-1080395388.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/11/1080490096_92:0:1369:958_1920x0_80_0_0_99ea914ad9f3d7a02a2a429ba66b88fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, коррупсия, равобит, прокуратураи генералӣ, фасод
дар тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, коррупсия, равобит, прокуратураи генералӣ, фасод
Тоҷикистону Белорус ҳамкориҳоро барои муқовимат бо коррупсия пурзур мекнунад
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи бо Прокуратураи генералии Беларус санади ҳамкорӣ дар бораи муқовимат бо коррупсия имзо кард
ДУШАНБЕ, 17 сен - Sputnik. Ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия ба шаҳри Мински Белорус сафари корӣ анҷом доданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи раиси ин ниҳод Султонзода Сулаймон дар ин сафар бо Прокурори генералии Беларус Гора Дмитрий дидору мулоқот кард.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар самти муқовимат ба коррупсия, тақвияти робитаи дуҷониба дар самти ошкор ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, табодули маълумот ва таҷрибаҳои муосир, баргузории чорабиниҳои муштарак ва дигар масъалаҳои қобили диққати тарафайн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот бо мақсади мустаҳкам намудани робитаҳои дуҷониба байни Агентӣ ва Прокуратураи генералии Беларус "Барномаи ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2027 - 2028" дар шароити тантанавӣ ба имзо расонида шуд.
Ин ниҳод таъкид кардааст, ки Агентӣ бо ҷониби беларусӣ маротибаи сеюм санади ҳамкорӣ ба тасвиб расонида, Барномаи имзошуда идомаи ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти зиддикоррупсионии ҳар ду кишвар арзёбӣ мегардад.
Хадамоти матбуоти Агентӣ зикр кардааст, ки дидору мулоқот дар фазои дӯстона ва эҳтироми ҳамдигар сурат гирифт.
Таъкид шудааст, ки натиҷаҳои он барои тақвияти густариши робитаҳои байналмилии ҷонибҳо дар самти муқовимат ба коррупсия таъсири мусбӣ хоҳад расонид.