https://sputnik.tj/20260917/sughd-sodiroti-mahsulotashro-mintaqahoi-rusiya-afzoish-1080504234.html
Суғд мехоҳад содироти маҳсулоташро ба минтақаҳои гуногуни Русия афзоиш диҳад
Суғд мехоҳад содироти маҳсулоташро ба минтақаҳои гуногуни Русия афзоиш диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд бо ҳайати тоҷирони Русия масъалаи афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот аз вилоят ба минтақаҳои Русияро баррасӣ кард
2026-09-17T19:42+0500
2026-09-17T19:42+0500
2026-09-17T19:42+0500
дар тоҷикистон
суғд
ҳамкорӣ
русия
тиҷорат
содирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/11/1080507550_0:282:3072:2010_1920x0_80_0_0_85c3586797a689f84c28acd8e6674d1f.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода намояндагони Думаи вилояти Воронеж, мақомоти намояндагии минтақавӣ, Палатаи савдо ва саноати вилояти Рязан ва соҳибкорони русро дидору гуфтугӯ кард.Раиси вилоят дар ин дидор қайд кард, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия дар сатҳи баланд қарор дошта, барои рушди робитаҳои мустақими байни минтақаҳои ду кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.Дар мулоқот масъалаи афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот аз вилояти Суғд ба минтақаҳои Русия, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.Раиси вилояти Суғд таъкид намуд, ки дар вилоят барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо минтақаҳои Русия имкониятҳои васеъ мавҷуданд.“Дар вилоят беш аз 1300 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, садҳо номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Бо дарназардошти иқтидори мавҷуда, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ метавонад барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ дар самти баромадан ба бозорҳои Русия имкониятҳои нав фароҳам оварад”. – гуфт ӯ.Ҳамчунин ҷонибҳо масоили ҷалби сармоягузорӣ ва ташкили истеҳсолоти муштаракро баррасӣ карданд.Таъкид гардид, ки роҳандозии корхонаҳои муштарак ба коркарди ашёи хом, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, ворид намудани технологияҳои муосир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои истифодаи имкониятҳои мавҷуда, густариши робитаҳои соҳибкорони вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баён доштанд.
https://sputnik.tj/20260519/sughd-sodirot-zardolu-gelos-rusiya-oghoz-1077654876.html
суғд
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/11/1080507550_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_e783b3625eca0b0ee1fe995259b4ac6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, ҳамкорӣ, русия, тиҷорат, содирот
дар тоҷикистон, суғд, ҳамкорӣ, русия, тиҷорат, содирот
Суғд мехоҳад содироти маҳсулоташро ба минтақаҳои гуногуни Русия афзоиш диҳад
Раиси вилояти Суғд бо ҳайати тоҷирони Русия масъалаи афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот аз вилоят ба минтақаҳои Русияро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 17 сен - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода намояндагони Думаи вилояти Воронеж, мақомоти намояндагии минтақавӣ, Палатаи савдо ва саноати вилояти Рязан ва соҳибкорони русро дидору гуфтугӯ кард.
Раиси вилоят дар ин дидор қайд кард, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия дар сатҳи баланд қарор дошта, барои рушди робитаҳои мустақими байни минтақаҳои ду кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар мулоқот масъалаи афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот аз вилояти Суғд ба минтақаҳои Русия, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилояти Суғд таъкид намуд, ки дар вилоят барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо минтақаҳои Русия имкониятҳои васеъ мавҷуданд.
“Дар вилоят беш аз 1300 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, садҳо номгӯи маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Бо дарназардошти иқтидори мавҷуда, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ метавонад барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ дар самти баромадан ба бозорҳои Русия имкониятҳои нав фароҳам оварад”. – гуфт ӯ.
Ҳамчунин ҷонибҳо масоили ҷалби сармоягузорӣ ва ташкили истеҳсолоти муштаракро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки роҳандозии корхонаҳои муштарак ба коркарди ашёи хом, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, ворид намудани технологияҳои муосир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои истифодаи имкониятҳои мавҷуда, густариши робитаҳои соҳибкорони вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баён доштанд.