Ҳайати Эрон ба Тоҷикистон гуфт барои тавсеаи ҳамкориҳо чӣ лозим аст

© Sputnik / Александр КряжевТаможня. Иллюстративное фото
Таможня. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2026
Обуна шудан
Масъулини Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо ҳайати Эрон масъалаҳои марбут ба фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла содагардонии расмиёти гумрукиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 17 сен - Sputnik. Ахиран Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон мулоқоти масъулини Хадамот бо ҳайати Эрон баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои густариши ҳамкории гумрукӣ ва рушди минбаъдаи тиҷорати байни ду кишвар баррасӣ шуд.
Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон Турсунзода Азим таъкид кард, ки Тоҷикистон ва Эронро муносибатҳои деринаи дӯстӣ, муштаракоти таърихию фарҳангӣ ва ҳамкориҳои рӯ ба рушд ба ҳам мепайванданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Эрон аҳамияти хос дода, омода аст ҳамкориро дар самти содагардонии расмиёти гумрукӣ, рақамикунонӣ ва мубодилаи электронии маълумот густариш диҳад.
Вай гуфт, ки гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Эрон аз 59 миллион доллари соли 2020 то 453,9 миллион доллар дар соли 2025 афзоиш ёфтааст.
Мақомдори тоҷик қайд кардааст, афзоиши ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ аз тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон бо ҳайати Эрон масъалаҳои марбут ба фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла содагардонии расмиёти гумрукӣ, мубодилаи электронии маълумоти пешакӣ ва таъсиси гурӯҳи кории соҳавӣ барои баррасии пайвастаи масъалаҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкориҳои ҳуқуқиро баррасӣ карданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2026
Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкориҳои ҳуқуқиро баррасӣ карданд.
Дар ин дидор масъалаи иштироки намояндагони ҷонибҳо дар муоинаи гумрукии молҳои воридотӣ, ки тавассути воситаҳои нақлиёт ва қатораҳои Эрон интиқол дода мешаванд, баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳалли ҳар чӣ зудтари мушкилоти мавҷуда тадбирҳои муштарак андешида шаванд.
Таъкид гардид, ки бартараф намудани масъалаҳои ҷойдошта метавонад ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи тиҷорати байни Тоҷикистону Эрон мусоидат намояд.
Лентаи хабарҳо
0