Дар Тоҷикистон сомона барои санҷиши номҳои миллӣ пайдо шуд

© Unsplash / Priscilla Du PreezРабота на компьютере.
Работа на компьютере. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Яке аз сабабҳои таҳияи ин лоиҳа мушкилоте буд, ки одамон ҳангоми бақайдгирии кӯдак дар Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо он дучор мешаванд, шарҳ дод таҳиягари сомона
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Дар Тоҷикистон як сомонаи вижае барои санҷиши номҳои миллӣ пайдо шуд. Он аз ҷониби Анушервон Салимов, муҳандис-таҳиягари нармафзори тоҷик, ки дар Санкт-Петербург сукунат дорад, пешниҳод шудааст.
Ба қавли ӯ, таҳияи сомона ва ҷамъоварии маълумот дар бораи маънои номҳо тақрибан якуним моҳ ва таблиғи ин абзор ду моҳи дигарро дар бар гирифт.
"Ҳадаф содда аст: агар хонаводае дар ҷустуҷӯи як номи зебо бошад, битавонад номи мавриди назарашро пайдо кунад; ё агар пеш аз муроҷиат ба шуъбаи Сабти асноди аҳволи маданӣ (ЗАГС) мехоҳад бидонад, ки оё номи интихобкардааш дар феҳристи давлатӣ вуҷуд дорад ё хайр, вориди сомона шавад ва мушкилашро ҳал кунад", гуфт Анушервон Салимов.
Ӯ илова кард, яке аз сабабҳои эҷоди ин лоиҳа мушкилоте буд, ки хешовандон ва дӯстонаш ҳангоми сабти номи навзодони худ бо онҳо рӯбарӯ мешуданд.
"Яке ба идораи Сабти аснод (САҲШ) рафт ва ба ӯ гуфтанд, номе, ки интихоб кардааст, дар феҳрист вуҷуд надорад. Баъд маҷбур шуд номи дигаре интихоб кунад. Ё бархе аз наздикони мо ба хонаводаи мо, ки аҳли илму адабанд, муроҷиат мекунанд ва мехоҳанд як номи зебо ва тоҷикӣ пешниҳод кунем. Фикри эҷоди ин сомона дар пайи ҳамин маворид шакл гирифт", - гуфт барномасоз.
Кор бо душвории хосе ҳамроҳ набуд. Ба қавли ӯ, нусхаи соли 2026-и "Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ"-ро дар ихтиёр дошт ва танҳо анҷоми корҳои фаннӣ боқӣ монда буд.
Душанбе в преддверии саммита Центральная Азия — Россия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2025
Забони тоҷикӣ дар лавҳаҳои таблиғотӣ дар Тоҷикистон ҳатмӣ шуд

Дар "Номвар" ҳудуди 3500 номи расмӣ — наздик ба ду ҳазор номи писарона ва 1450 номи духтарона — гирдоварӣ шудааст. Аммо созандаи сомона аз ин низ фаротар рафта ва шуморе имконот ва иттилооти тоза, аз ҷумла тавзеҳ ва маънии номҳоро ба он афзудааст.
"Ман бо ҳамкории ҳамсар ва модарам, ки ҳар ду дар риштаи забон ва адабиёт тахассус доранд, тасмим гирифтем маънии номҳо, решаи вожаҳо ва ҷузъиёти дигареро низ изофа кунем. Маъно ва шаклу имлои аслии ҳар ном дар сафҳаи махсуси ҳамон ном оварда мешавад. Табъан ин ҷузъиёт бар аҳамият ва зарурати сомона низ меафзоянд", - гуфт ӯ.
Илова бар ин, барномасоз шарҳ дод, ки захира имкони ҷустуҷӯи номҳо дорад.
"Номи мавриди назарро метавон ба осонӣ бо истифода аз филтрҳо пайдо кард. Филтрҳо низ бар асоси ҷинсият, тӯли ном, ҳарфи нахуст ва решаи ном дастабандӣ шудаанд", - шарҳ дод ӯ.
Салимов илова кард, ки агар номи мавриди ҷустуҷӯ дар феҳрист вуҷуд надошта бошад ё андаке мутафовит бошад, бахши "номҳои мушобеҳ" ба корбарон кумак мекунад.
"Сомона шаклҳои наздикро аз ҳамон феҳристи расмӣ пешниҳод мекунад, то хонавода битавонад гузинае тоҷикӣ ва қонуниро интихоб кунад, на номе тасодуфӣ аз интернет", гуфт ӯ.
Навоварии дигаре, ки барномасоз роҳандозӣ кардааст, имкони интихоби муштарак барои хонаводаҳо мебошад.
"Онҳо метавонанд номҳоро яке-яке аз назар бигузаронанд, гузинаҳои мавриди писанди худро ҷудо кунанд, пайванд (линк)-ро барои хешовандон ва дӯстон бифиристанд ва бубинанд, ки кадом номҳо мавриди писанди ҳама қарор мегиранд",- гуфт барномасоз.
Филмҳои тасвирӣ бо забони тоҷикӣ дар дастраси умум пайдо шуданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2026
Филмҳои тасвирӣ бо забони тоҷикӣ дар дастраси умум пайдо шуданд.
Сомона ба се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас аст ва ҳам сокинони Тоҷикистон ва ҳам наздикони онон дар хориҷ аз кишвар метавонанд аз феҳрист истифода кунанд.
"Яке дигар аз аҳдофи мо тарвиҷи номҳои зебои тоҷикӣ бо решаҳои миллӣ аст. Бисёре аз хонаводаҳо танҳо чанд номи роиҷро мешиносанд, аммо дар "Номвар" метавон номҳоро бар асоси реша ҷустуҷӯ кард ва дид, ки дар феҳристи расмӣ чӣ теъдод номи мушобеҳ ва зебои миллӣ вуҷуд дорад", - гуфт Анушервон Салимов.
Анушервон Салимов, зодаи шаҳри Исфараи Тоҷикистон, давраҳои лисонс ва мострии худро дар Донишгоҳи давлатии электротехники Санкт-Петербург "ЛЭТИ" (СПбГЭТУ "ЛЭТИ") ба поён расонда ва аз даҳ сол ба ин сӯ дар ҳамин шаҳр ба унвони муҳандиси барномасоз дар яке аз ширкатҳои ҷаҳонӣ фаъолият мекунад.
Лентаи хабарҳо
0