https://sputnik.tj/20260916/sanoat-naqliyotu-energetika-imzo-sanad-hamkori-tojikiston-koreya-1080462960.html
Аз саноат то нақлиёту энергетика: Имзои 15 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Корея
Аз саноат то нақлиёту энергетика: Имзои 15 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Корея
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Корея Ҷанубӣ ҳамкориҳои судмандро дар ҳама бахшҳои иқтисод тақвият хоҳанд дод
2026-09-16T14:41+0500
2026-09-16T14:41+0500
2026-09-16T14:41+0500
дар тоҷикистон
корея
ҳамкорӣ
равобит
имзо
санад
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/10/1080463586_0:125:1755:1112_1920x0_80_0_0_e2100978bc1cd4df3cb290f9e382e9f1.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Дар шаҳри Сеул дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Корея мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид.дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст. ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Ҷе Мён масоили таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.Раҳбари Тоҷикистон тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Кореяро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ кард.Қайд карда шуд, ки дар робитаҳои ду кишвар авлавият ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту логистика, рақамикунонӣ, технология ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ дода мешавад.Эмомалӣ Раҳмон нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди зарфиятҳои инсонӣ тавассути барномаҳои таълимию академӣ ва ҷудо намудани квотаҳои давлатии таҳсилӣ ба шаҳрвандони кишвар муҳим донист.Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки теъдоди ин бурсияҳо, бахусус дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, тиб, авиатсия ва муҳандисӣ зиёд гардида, ба тавсеаи робитаҳои миёни ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ ва ташкили парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Корея бартарӣ дода шавад.Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми музокироти сатҳи олӣ аз Президенти Корея муҳтарам Ли Ҷе Мён даъват намуд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёранд.Сипас маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ миёни ҳайатҳои ду кишвар сурат гирифт.Дар шаҳри Сеул аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20260916/imzoi-sozishnoma-tojikisonu-koreya-hamkori-rohi-ohan-tavsea-1080450839.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/09/10/1080463586_0:135:1640:1365_1920x0_80_0_0_509a3b98c546a90e197ba7121edf2bf2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, корея, ҳамкорӣ, равобит, имзо, санад, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, корея, ҳамкорӣ, равобит, имзо, санад, эмомалӣ раҳмон
Аз саноат то нақлиёту энергетика: Имзои 15 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Корея
Тоҷикистону Корея Ҷанубӣ ҳамкориҳои судмандро дар ҳама бахшҳои иқтисод тақвият хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Дар шаҳри Сеул дар доираи сафари расмии Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Корея мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид.
дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Ҷе Мён масоили таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Раҳбари Тоҷикистон тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Кореяро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Қайд карда шуд, ки дар робитаҳои ду кишвар авлавият ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту логистика, рақамикунонӣ, технология ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ дода мешавад.
"Ифтитоҳи намояндагии Агентии рушди савдо ва сармоягузории Корея (KOTRA) дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид", - қайд кардааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди зарфиятҳои инсонӣ тавассути барномаҳои таълимию академӣ ва ҷудо намудани квотаҳои давлатии таҳсилӣ ба шаҳрвандони кишвар муҳим донист.
Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки теъдоди ин бурсияҳо, бахусус дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, тиб, авиатсия ва муҳандисӣ зиёд гардида, ба тавсеаи робитаҳои миёни ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ ва ташкили парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Корея бартарӣ дода шавад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми музокироти сатҳи олӣ аз Президенти Корея муҳтарам Ли Ҷе Мён даъват намуд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёранд.
Сипас маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ миёни ҳайатҳои ду кишвар сурат гирифт.
Дар шаҳри Сеул аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.