Хатсайри нави ҳавоӣ Қазон ва Кӯлобро бо ҳам мепайвандад.

© Sputnik / Пивов / Гузариш ба медиабонкСамолет авиакомпании Nordwind Airlines
Самолет авиакомпании Nordwind Airlines  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2026
Обуна шудан
Чиптаҳо барои масири Қазон-Кӯлоб аллакай ба фурӯш гузошта шудаанд ва онҳоро дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ харидан мумкин аст.
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Ширкати Nordwind ("Северний ветер") парвозҳои мустақимро аз Қазон ба Кӯлоби Тоҷикистон оғоз мекунад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ эълон кард.
Аз 27 сентябр Nordwind парвозҳои ҳавоиро байни ду шаҳри Русия ва Тоҷикистон оғоз мекунад.
Мусофирон аллакай метавонанд чипта харидорӣ кунанд.
Авиакомпания Сомон Эйр получила первый из двух самолётов Боинг 737-800 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2022
Азсаргирии парвозҳо миёни Душанбе ва Исломобод
Ширкати "Nordwind” фурӯши чиптаҳоро барои парвозҳои мустақим байни Қазон ва Кӯлоб (Тоҷикистон) оғоз мекунад. Аз 27 сентябр ширкат дар як ҳафта як парвозро анҷом медиҳад", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Вақти парвоз байни Қазон ва Кӯлоб 3 соату 30 дақиқа хоҳад буд. Ширкати ҳавопаймоӣ қайд кард, ки парвозҳо бо ҳавопаймои Boeing 737-800 бо ғунҷоиши 189 мусофир анҷом дода мешаванд.
"Мусофирон инчунин метавонанд аз Санкт-Петербург ва Калининград бо фурудоӣ дар Қазон ба парвозҳо ба Кӯлоб дастрасӣ пайдо кунанд", - гуфтанд аз ширкат.
Қобили зикр аст, ки 72%-и парвозҳо дар бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Русия анҷом дода мешаванд ва чор ширкати ҳавопаймоии Русия ба Душанбе парвоз мекунанд.
Аз ҷумла "ЮТэйр", "Уралские авиалинии", "Северний ветер" и "Сибир-S7" ба пойтахти Тоҷикистон парвоз мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0