Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Мендел: Зеленский алайҳи ҳар касе, ки ҷонибдори сулҳ дар Украина аст, таҳрим ҷорӣ кардааст

© REUTERS /Valentyn OgirenkoВладимир Зеленский беседует с представителями СМИ в Киеве, Украина, 6 сентября 2026 года.
Владимир Зеленский беседует с представителями СМИ в Киеве, Украина, 6 сентября 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2026
Обуна шудан
Таҳримҳо алайҳи шаҳрвандони Украина, мисли бисёре аз тасмимҳои дигари Зеленский, хилофи Конститутсия мебошанд, гуфт собиқ сухангӯи раисҷумҳури Украина
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тибқи фармоне, ки дар сомонаи Владимир Зеленский нашр шудааст, ӯ алайҳи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ — аз ҷумла котиби матбуотии собиқи дафтари худ Юлия Мендел — таҳрим ҷорӣ кардааст.
Бар асоси фармони таърихи 13 сентябр, ки хабаргузории "РИА Новости" гузориш додааст, таҳримҳо алайҳи даҳ шаҳрванди Русия ва Украина, ки гӯё дар бораи Украина маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд, ҷорӣ шудаанд.
Мендел изҳор дошт, ки Зеленский алайҳи ҳар касе, ки ҷонибдори сулҳ дар Украина аст, таҳрим ҷорӣ мекунад.
"Чанд рӯз пеш аз суханронии ман дар Парлумони Аврупо, Владимир Зеленский — раиси собиқи ман — алайҳи ман таҳрим ҷорӣ кард. Таҳримҳо алайҳи шаҳрвандони Украина, мисли бисёре аз тасмимҳои дигари Зеленский, хилофи Конститутсия мебошанд. Владимир Зеленский онҳоро алайҳи ҳар касе, ки ҷонибдори сулҳ дар Украина аст, татбиқ мекунад", — навишт ӯ дар Facebook*.
Мендел инчунин изҳор дошт, ки медонист ба сабаби мусоҳиба бо рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон ба ӯ иттиҳоми "хиёнат ба ватан" зада мешавад ва "эҳтимоли ҷорӣ шудани таҳримҳоро пешбинӣ мекард".
"Ин мавқеи маро ва ё мавқеи миллионҳо украиниҳоро тағйир намедиҳад. Барои зинда мондан, ба Украина сулҳ лозим аст, на диктатураи дигар — ҳатто агар он диктатураи Зеленский бошад ҳам", — таъкид кард Мендел.
Қаблан, дар мусоҳиба бо Карлсон, ӯ изҳор дошта буд, ки Зеленский яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи сулҳ аст.
Мендел инчунин қайд кард, ки дар Украина одамонро барои танқиди Зеленский ба хатти ҷаӣҳа мефиристанд.
Владимир Зеленский. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Мендел дар бораи зарбаи эҳтимолӣ гуфт, ки Украинаро интизор аст
Ба гуфтаи ӯ, Зеленский гуфта буд, ки таблиғоти монанди таблиғоти Геббелсро мехоҳад. Мендел ӯро диктаторе номид, ки мехоҳад дар Украина ба муддати номуайян дар сари қудрат бимонад.
Таҳримҳои ҷорӣкардаи Киев маъмулан ях кардани дороиҳо дар дохили Украина, бекор кардани иҷозатномаҳо ва сафарҳои расмӣ, манъи интиқоли моликияти зеҳнӣ ва қатъи созишномаҳои тиҷоратӣ, табодули фарҳангӣ ва ҳамкориҳои илмиро дар бар мегиранд.
*Фаъолияти ширкати Meta (шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram) дар Русия ҳамчун фаъолияти экстремистӣ манъ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0