Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Украина зарари иқтисодиро дар соли ҷорӣ арзёбӣ кард

© AP / Francisco SecoПоследствия ракетной атаки на Киев 8 сентября 2026 года.
Последствия ракетной атаки на Киев 8 сентября 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2026
Обуна шудан
Вазири иқтисоди Украина зарари расида иқтисоди кишварашро дар соли 2026 ба 10 миллиард доллар арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Вазири иқтисод ва муҳити зисти Украина Александр Кравченко эълон кард, ки зарари пешбинишуда ба иқтисоди Украина имсол то 10 миллиард долларро ташкил медиҳад.
"Мувофиқи арзёбиҳои мо дар Вазорати иқтисод, мо интизор дорем, ки зарар ба иқтисоди Украина имсол то 10 миллиард доллар бошад", - гуфт Кравченко.
Кравченко таъкид кард, ки тиҷорати Украина айни замон дар вазъияти душвор қарор дорад. Вай қаблан эълон карда буд, ки ҳукумат афзоиши андози арзиши иловашударо аз 20% то 21% боло мебарад.
Вазири молияи Украина Сергей Марченко 10 сентябр эълон кард, ки Украина метавонад бо сабаби касри буҷа дар пардохтҳои иҷтимоӣ таъхир кунад.
Председатель Центральной избирательной комиссии Элла Памфилова.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Памфилова: Украина аз баргузории интихобот метарсад
Аввали моҳи сентябр Марченко изҳор дошт, ки Украина бо душвортарин вазъияти буҷа аз соли 2022 инҷониб рӯбарӯ шудааст, ки метавонад боиси коҳиши хароҷоти ғайринизомӣ гардад.
Украина дар тӯли чанд соли охир бо касри рекордии буҷа рӯбарӯ аст ва ба умеди он аст ки онро бо кумаки Ғарб мепӯшонад. Буҷаи имсола бо касри 1,9 триллион гривн (45 миллиард доллари ИМА) қабул карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0